Дастаи Хатлон-1 дар Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба бадминтон бештари медалҳоро ба даст овард

Декабрь 3, 2020 09:15

ДУШАНБЕ, 03.12.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Чанде пеш дар Қасри теннис ва Маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба бадминтон баргузор шуд. Дар он варзишгарони дастаи Хатлон-1 маҳорати баланд нишон дода, бештари медалҳоро ба даст оварданд – 7 тилло, 9 нуқра, 1 биринҷӣ. Дастаи  Душанбе сазовори 3 медали тилло, 2 нуқра, 1 биринҷӣ гардид. ШНТМ — 2 тилло, як нуқра, 1 биринҷӣ, Рашт — 2 тилло, 1 биринҷӣ, ВМКБ — 1 тилло, 5 биринҷӣ, Суғд — 3 нуқра, 5 биринҷӣ ва Хатлон-2 як медали биринҷӣ ба даст оварданд. Дар ин бора аз  Федератсияи бадминтони Тоҷикистон  ба шореҳи  варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон хабар доданд.

Мусобиқа миёни наврасон (духтарону писарон) дар се синн – 12-13-сола, 14-15-сола, 16-17-сола дар сатҳи  баланд баргузор шуд. Дар мусобиқаи мазкур  беш аз 100 варзишгар дар ҳайати дастаҳои Душанбе, Хатлон-1, Хатлон-2, Суғд, ВМКБ, Рашт ва шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ (ШНТМ) ширкат карданд.

Ғолибон ва ҷоизадорони Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба бадминтон миёни наврасон

Рақобати инфиродӣ байни духтарони 12-13-сола
1. Лангардорова Рисолат (ВМКБ)
2. Икромова Робиямоҳ (Хатлон-1)
3. Қодирова Сарвиноз (Хатлон-1)

Рақобати инфиродӣ байни духтарони 14-15-сола
1. Шарипова М. (Хатлон-1)
2. Маҳмадова Қ. (Хатлон-1)
3. Алиева М. (Суғд)

Рақобати инфиродӣ байни духтарони 16-17-сола
1. Кабирова М. (Хатлон-1)
2. Негматова М. (Хатлон-1)
3. Тошпулотова М. (Суғд)

Рақобати инфиродӣ байни писарони 12-13-сола
1. Салимов М. (Душанбе)
2. Мусофиров А. (Душанбе)
3. Салимов С. (Душанбе)

Рақобати инфиродӣ байни писарони 14-15-сола
1. Саидов М. (Рашт)
2. Раҳимов Ҳ. (Хатлон-1)
3. Бузургмеҳри А. (Рашт)

Рақобати инфиродӣ байни писарони 16-17-сола
1. Саидов Ш. (Хатлон-1)
2. Шарипов Д. (Хатлон-1)
3. Дадабоев М. (Суғд)

Рақобати ҷуфтӣ байни духтарони 12-13-сола
1. Мирзоева Зарина / Инатулоева Нозия (Хатлон-1)
2. Раҳматулоева Дилноза / Азимова Фотима (ШНТМ)
3. Охонқадамова Омина / Ошурбекова Насрин (ВМКБ)

Рақобати ҷуфтӣ байни духтарони 14-15-сола
1. Шарипова М. / Мирзоева Ф. (Хатлон-1)
2. Алиева М. / Болтуева Н. (Суғд)
3. Вазирбекова Н. / Ҷоншоева М. (ВМКБ)

Рақобати ҷуфтӣ байни духтарони 16-17-сола
1. Кабирова М. / Маҷитова Б. (Хатлон-1)
2. Тошпулотова М. / Маҷидова М. (Суғд)
3. Лангардорова А. / Девлоқова Р. (ВМКБ)

Рақобати ҷуфти омехта. 12-13-солаҳо
1. Азизов Ш. / Паймонаи Д. (Рашт)
2. Исоев Н. / Ортиқова А. (Хатлон-1)
3. Охонқадамова О. / Назаршоев С. (ВМКБ)

Рақобати ҷуфти омехта. 14-15-солаҳо
1. Сангов И. / Азимова Д. (ШНТМ)
2. Абдураҳмонзода Р. / Мирзоева Ф. (Хатлон-1)
3. Зарифов А. / Болтуева Н. (Суғд)

Рақобати ҷуфти омехта. 16-17-солаҳо
1. Бегиёров Н. / Ҳасанзода Ю. (ШНТМ)
2. Файзуллоев С. / Негматова М. (Хатлон-1)
3. Дадабоев М. / Тошпулотова М. (Суғд)

Рақобати ҷуфтӣ байни писарони 12-13-сола
1. Салимов М. / Мусофиров А. (Душанбе)
2. Салимов С. / Шамсов А. (Душанбе)
3. Назаршоев С. / Вазирбеков К. (ВМКБ)

Рақобати ҷуфтӣ байни писарони 14-15-сола
1. Мусофиров А. / Салимов Ҷ. (Душанбе)
2. Абдурасулов А. / Айнидини И. (Хатлон-1)
3. Иброҳимзода М. / Муминов И. (ШНТМ)

Рақобати ҷуфтӣ байни писарони 16-17-сола
1. Ҳафизов И. / Шарипов Д. (Хатлон-1)
2. Дадабоев М. / Акрамов Д. (Суғд)
3. Бобоҷони Қ. / Назаров А. (Хатлон-2)

Декабрь 3, 2020 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд