Доналд Трамп: Ваксинаи амрикоии зидди коронавирус ҳамин ҳафта омода хоҳад шуд

Декабрь 7, 2020 13:18

ДУШАНБЕ, 07.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ваксинаи амрикоии зидди коронавируси навро танзимгар ҳамин ҳафта тасдиқ карда, пас аз он эмгузаронии аҳолӣ дар Иёлоти Муттаҳида шурӯъ хоҳад шуд. Дар ин хусус Президенти ИМА Доналд Трамп 6 декабр зимни суханронӣ дар назди тарафдоронаш дар иёлати Ҷорҷия изҳор кардааст, хабар медиҳад ТАСС.

Ба фикри роҳбари Кохи Сафед, ба туфайли кӯшишҳои маъмурияти ӯ, дар ИМА коркарди ваксина бениҳоят зуд сурат гирифт. «Маъмурияти дигар барои ин шояд панҷ сол сарф мекард. Ба мо ҳафт моҳ лозим шуд”, — изҳор доштааст ҷумҳурихоҳ.

Маъмурияти ИМА барои коркарди ваксинаи зидди коронавирус ба ширкати амрикоии Moderna 486 млн доллар, — ба Johnson & Johnson 456 млн доллар, ба AstraZeneca бритониёӣ-шведӣ, ки дар ҳамкорӣ бо олимони Донишгоҳи Оксфорд (Бритониёи Кабир) ба коркарди ваксина машғул аст, 1,2 млрд доллар ҷудо кардааст. Инчунин дар ИМА ширкатҳои Merck ва Pfizer низ ба коркарди ваксинаи машғул мебошанд. Мутобиқи маълумоти Кохи Сафед, маъмурият барои ин лоиҳаҳо маҷмӯъан 12 млрд доллар сармоягузорӣ кардааст.

Раёсати хӯрокворӣ ва доруҳои ИМА 10 декабр ҷаласаро барои тасдиқи ваксинаи таҳиянамудаи ширкатҳои Pfizer ва BioNTech -и Германия таъйин кардааст. Ин ширкатҳо 20 ноябр ба Раёсат дархости дахлдор  пешниҳод карда буданд. Баъдтар Moderna низ ҷиҳати тасдиқи ваксинааш дархост пешниҳод кардааст.

                                   ДАР АКС: Доналд Трамп. Акси Reuters

 

Декабрь 7, 2020 13:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд