Доналд Трамп: Ваксинаи амрикоии зидди коронавирус ҳамин ҳафта омода хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 07.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ваксинаи амрикоии зидди коронавируси навро танзимгар ҳамин ҳафта тасдиқ карда, пас аз он эмгузаронии аҳолӣ дар Иёлоти Муттаҳида шурӯъ хоҳад шуд. Дар ин хусус Президенти ИМА Доналд Трамп 6 декабр зимни суханронӣ дар назди тарафдоронаш дар иёлати Ҷорҷия изҳор кардааст, хабар медиҳад ТАСС.
Ба фикри роҳбари Кохи Сафед, ба туфайли кӯшишҳои маъмурияти ӯ, дар ИМА коркарди ваксина бениҳоят зуд сурат гирифт. «Маъмурияти дигар барои ин шояд панҷ сол сарф мекард. Ба мо ҳафт моҳ лозим шуд”, — изҳор доштааст ҷумҳурихоҳ.
Маъмурияти ИМА барои коркарди ваксинаи зидди коронавирус ба ширкати амрикоии Moderna 486 млн доллар, — ба Johnson & Johnson 456 млн доллар, ба AstraZeneca бритониёӣ-шведӣ, ки дар ҳамкорӣ бо олимони Донишгоҳи Оксфорд (Бритониёи Кабир) ба коркарди ваксина машғул аст, 1,2 млрд доллар ҷудо кардааст. Инчунин дар ИМА ширкатҳои Merck ва Pfizer низ ба коркарди ваксинаи машғул мебошанд. Мутобиқи маълумоти Кохи Сафед, маъмурият барои ин лоиҳаҳо маҷмӯъан 12 млрд доллар сармоягузорӣ кардааст.
Раёсати хӯрокворӣ ва доруҳои ИМА 10 декабр ҷаласаро барои тасдиқи ваксинаи таҳиянамудаи ширкатҳои Pfizer ва BioNTech -и Германия таъйин кардааст. Ин ширкатҳо 20 ноябр ба Раёсат дархости дахлдор пешниҳод карда буданд. Баъдтар Moderna низ ҷиҳати тасдиқи ваксинааш дархост пешниҳод кардааст.
ДАР АКС: Доналд Трамп. Акси Reuters








Дар ноҳияи Ашт неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Сангвор 854 субъекти соҳибкории инфиродӣ фаъолият менамояд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хуҷанд васеъсозии роҳи хиёбони ба номи Раҳмон Набиев оғоз гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳри Роғун 94 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 400 миллион сомонӣ мавриди истифода қарор гирифтанд
Тоҷикистон мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ мегардад
Дар Душанбе доир ба саҳми шоистаи Абуалӣ ибни Сино дар илми тиб конференсия баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҷараёни сохтмони иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Президенти Тоҷикистон: «Аҳолии узбекзабони шаҳри Турсунзода бо муассисаҳои таълимии узбекӣ ва китобҳои дарсӣ таъмин карда шаванд»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ашт осоишгоҳи замонавӣ бунёд карда мешавад
Дар Вена баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Австрия баррасӣ шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода дар хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» бо рафти ҷамъоварии ҳосили ангур шинос шуданд






