«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ ». Пойтахти Тоҷикистон аз ҷониби созмонҳои байналмилалии муҳити зист чун шаҳри сарсабзу хуррам ва аз ҷиҳати экологӣ тозаи олам пазируфта шудааст
ДУШАНБЕ, 01.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дарахтон хоҳ мевадиҳанда бошанд, хоҳ сояафкану ороишӣ, аз онҳо ба одамон танҳо манфиат мерасад. Зеро онҳо ҳамасола коми мардум ширин мекунанд, соя меафкананд ва ҳаворо тоза мекунанд. Тибқи тадқиқоти олимони соҳаи ниҳолпарварӣ, намудҳои гуногуни дарахтони сояафкану ороишӣ дар давраи нашъунамо, аз ҷумла коҷ 100%, санавбар 160%, зерфун (липа) 250%, булут 450% ва сафедор 700% дуоксиди карбон (СО2)-ро ба худ гирифта, аз худ миқдори муайяни оксиген хориҷ мекунанд.
-Имрӯзҳо шумораи зиёди чунин намуди дарахтон дар кӯчаву хиёбонҳо, боғу гулгашт ва шаҳраку маҳаллаҳои шаҳри Душанбе шинонида шуда, парвариш ёфта истодаанд, ки ба ҳусни зебои шаҳри мо таровати дигар зам менамоянд, — изҳор намуд сармутахассиси шуъбаи ободонӣ ва кабудизоркунии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Зувайдулло ҒАНИЕВ ба хабарнигори АМИТ «Ховар».
Тазаккур бояд дод, ки шаҳри Душанбе дар партави дастуру супоришҳои бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаву ободкоронаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба яке аз шаҳрҳои сарсабзу хуррам ва шукуфои олам табдил ёфтааст. Он имрӯз аз ҷониби созмонҳои байналмилалии муҳити зист ба сифати яке аз шаҳрҳои сабз ва сарсабзу хуррам ва аз ҷиҳати экологӣ тозаи олам пазируфта шудааст. Албатта, бо боварии комил метавон гуфт, ки иқдоми «Шаҳри сабз»-и Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои ҳамрадиф шудани Душанбешаҳр бо шаҳрҳои сабзи дунё метавонад мусоидат намояд.
Бо татбиқи пешниҳоди навбатии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бобати шинонидану парвариши ҳарчи бештари дарахту буттаҳои ороишӣ, ки мантиқан идомаи сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат дар роҳи ҳалли мушкилоти экологӣ ва беҳдошти муҳити зист арзёбӣ мешавад, шаҳри Душанбе ояндаи наздик воқеан ба гулистони нозанин табдил меёбад.
Тоҷикистон бо табиати нотакрори худ, чашмаҳои софу зулол, обҳои ширину босафо, кӯҳҳои зебову сарбаланди дорои сарватҳои зеризаминии худ мӯъҷизаи табиат, неъмати худодод, як порча замини биҳишти рӯи заминро мемонад. Воқеан ҳам мо дар сарзамине умр ба сар мебарем, ки сарсабзу хуррам буда, дорои ҳавои тоза, растаниҳои гуногуни шифоию ғизоӣ, парандаҳои нодир ва канданиҳои фоиданок мебошад.
Агар мо ба таҷрибаи суннатии гузаштагонамон назар андозем, мебинем, ки ниёгони мо захираҳои табиӣ, ба мисли об, замин, ҳаво, кӯҳҳо, парандаҳо, растаниҳоро муқаддас мепиндоштанд ва барои барқарорсозии онҳо кӯшиш ба харҷ медоданд. Ба воситаи панду насиҳат ҷавононро ба сарсабз гардонидани табиат даъват менамуданд, ба воситаи ҳашарҳо дарахту буттаҳо мешинонданд, сарчашмаҳои об ва обҳои ҷориро тоза мекарданд, ҳайвонҳо ва парандаҳоро ҳифз менамуданд, ки ин худ аз фарҳанги зебоипарастии миллати куҳанбунёди тоҷик дарак медиҳад.
Тавре маълум аст, солҳои охир таҳти таваҷҷуҳи махсуси Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талошҳои мунтазами роҳбарияти шаҳр, хосса Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ масъалаи сабзазоркунӣ дар Тоҷикистон, махсусан дар шаҳри Душанбе хеле ривоҷу равнақ ёфтааст, ки ин ташаббусҳо барои ғанӣ гардонидани муҳити зист ва тоза нигоҳ доштани фазои экологӣ нақши муҳиму арзанда ба бор овардаанд.
Ҳамасола барои ободу зебо, сарсабзу хуррам гардонидани кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Душанбе бо қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе нақшаи чорабиниҳо оид ба шинонидани ниҳолҳои дарахтону буттаҳо ва гулҳои мавсимию бисёрсола дар шаҳри Душанбе таҳия гардида, маъракаҳои ниҳолшинонӣ доир карда мешаванд.
Масалан, давоми солҳои 2017- 2019 шинонидани 157 280 бех дарахту буттаҳо, 11 826 291 дона гулҳои мавсимию бисёрсола ва ташкил намудани майдонҳои майсазор дар масоҳати 663 783 метри мураббаъ ба нақша гирифта шуда буд, ки дар натиҷаи дуруст ва сифатнок ба роҳ мондани корҳо дар доираи иҷрои қарорҳои мазкур дар кӯчаю хиёбонҳо, ҳудуди боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва шаҳраку маҳаллаҳо дар ин давра ба миқдори 251 280 бех дарахту буттаҳо, 21 610 611 дона гулҳои мавсимию бисёрсола ва майдони майсазору чаманзор дар масоҳати 1 230 502 метри мураббаъ ташкил карда шуданд.
Албатта, ҳамаи ин ташаббускорӣ шаҳодат аз он медиҳанд, ки шаҳри Душанбе солҳои охир симои замонавӣ гирифта, ба талаботи муосири меъмориву шаҳрдорӣ мутобиқ гардида истодааст.
Дарвоқеъ, ҳамаи ин гуфтаҳо шаҳодати сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва поягузори муроҷиати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мебошанд, ки 23 сентябри имсол дар иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум, аз тамоми сокинони пойтахт даъват ба амал оварданд, ки барои ба «Шаҳри сабз» табдил додани пойтахт саҳм гузоранд.
Бояд гуфт, ки иқдоми «Шаҳри сабз»-и Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ давоми сиёсати ободкоронаи Пешвои миллат буда, ҳамзамон бо назардошти мубрам боқӣ мондани масъалаи тозагӣ ва экологӣ дар шароити шаҳрҳои калон, махсусан пойтахтҳои кишварҳо ин пешниҳод ҳамовозии саросарӣ касб намуд.
Аслан агар мо ба таҷрибаи пойтахтҳои кишварҳои ҷаҳони муосир назар афканем, онҳо барои тозаву покиза нигоҳ доштани фазои экологӣ, инчунин сарсабзу хуррам нигоҳ доштани симои шаҳри худ аз тамоми шароит- чӣ аз лиҳози иқтисодӣ ва чӣ аз лиҳози иҷтимоӣ тамоми чораҳоро роҳандозӣ мекунанд.
Масалан, аввалин шаҳр бо унвони аввалин пойтахти сабз дар Аврупо- Стокҳолм- пойтахти Шветсия, ки дар саросари 14 ҷазира паҳн шудааст, сераҳолитарин минтақаи шаҳрии Шветсия ва инчунин Скандинавия ба шумор меравад. Ин шаҳр дар иҳотаи ҷангалзор, дар болои об сохта шуда, дорои эътибори хуби сабз мебошад. Он аввалин шаҳри Иттиҳоди Аврупо буд, ки соли 2010 аз ҷониби Комиссияи Аврупо унвони “Пойтахти сабзи Аврупо” гирифтааст. Стокҳолм барои дастгирии кӯшишҳои муҳими худ ду сиёсатро қабул кардааст, ки яке Барномаи беҳдошти муҳити зист ва дигар Нақшаи амалиёти иқлим маҳсуб мешавад.
Ё ин ки шаҳри сабзтарин дар ҷаҳон Копенгаген-пойтахти давлати Дания мебошад, ки барои нишон додани дӯстии иқлимии худ зеботарин шаҳри сабзи Аврупо номида шудааст. Шаҳр дар якҷоягӣ бо сокинонаш суботро кайҳо дар мадди аввал гузоштааст, зеро дар ин ҷо огоҳии экологӣ ҳам сиёсати бунёдии давлатӣ ва ҳам тарзи ҳаёт солим дониста мешавад.
Копенгаген бо сиёсатгузорӣ ва банақшагирии пешрафтаи худ дар самти ҳифзи муҳити зист чунон шинохта шудааст, ки дар тӯли ин солҳо барои эътимодномаи экологии худ ҷоизаҳои зиёд ба даст овардааст.
Дигар шаҳри сабзи ҷаҳон, ки бо фаровонии боғҳо ва майдонҳои сабзазору гулзор, инчунин бо муносибати экологии худ ба нақлиёт ва ҳаёти ҳаррӯза доштанаш маъруф гардидааст, ин пойтахти сиклии ҷаҳонӣ- Амстердам-шаҳри сераҳолии Ҷумҳурии Нидерланд мебошад, ки ҳамчун яке аз шаҳрҳои сабзтарини ҷаҳон тасниф карда мешавад. Амстердам дар ҳақиқат як шаҳри сабз аст, ки беш аз пеш ба таъсири иҷтимоӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекунад.
Ҳамзамон метавон дар бораи аввалин боғи миллии ҷаҳон- сарсабзтарин шаҳри бузурги Аврупо ва саввумин шаҳри сабзу хуррам дар ҷаҳон — Лондон ҳарф зад, ки ин шаҳр фаъолона кӯшиш кардааст бо эҷоди ҷойҳои сабз, коҳиш додани партовҳои газҳои гулхонаӣ, ҳавасмандгадонии минтақаҳои сабз, роҳҳо, пайроҳаҳо ва барои ташвиқи симои шаҳр инқилоби саноатӣ ба амал оварда, ба сокинон ва сайёҳон шароити хубу мусоид фароҳам оварад.
Хуллас зиёданд шаҳрҳое, ки имрӯзҳо барои ғанӣ гардонидани муҳити зисти худ, беолоиш нигоҳ доштани ҷойҳои сабз ва зиёд кардани боғу майдонҳои сабзазор талошҳои зиёд ва ҳамзамон маблағҳои муайянеро ҷудо менамоянд, ки онҳо бевосита барои корҳои ободонию сабзазоркунӣ истифода мешаванд.
Имрӯзҳо дар шаҳри Душанбе, ки яке аз калонтарин шаҳрҳои саноатии мамлакат ва ҳамзамон пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад, барои рушди боустувори мамлакат корхонаҳои саноатии пешина барқарор карда шуда, дар ин замина корхонаҳои нави саноатӣ ба истифода дода мешаванд. Албатта, ҳангоми фаъолияти онҳо партовҳои заҳролуди кимиёӣ истихроҷ гардида, ба коста шудани фазои экологии шаҳри мо таъсири манфӣ мерасонанд.
Яке аз ҳадафҳои ба «Шаҳри сабз» табдил додани Душанбе ҳам маҳз ҳамин аст. Зеро беҳдошти муҳити зист ва тоза нигоҳ доштани фазои экологӣ вазифаи аввалиндараҷаи на танҳо ҳукумат, балки вазифаи аҳли ҷомеа ва қарзи ахлоқии ҳар шаҳрванд ба шумор меравад.
10 ноябри имсол дар шаҳри Душанбе мавсими нави сабзкориву ниҳолшинонӣ ба таври оммавӣ шурӯъ гардид, ки Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо шинонидани аввалин ниҳол дар хиёбони ба номи Садриддини Айнии пойтахт ба ин маъракаи сабзазоркуниву ободонӣ оғози расмӣ бахшиданд.
Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баробари оғоз намудани мавсими ниҳолшинонӣ масъулинро ба вусъат бахшидани маъракаи сабзу хуррамгардонӣ дар ҳудуди пойтахт даъват намуданд. Дар ин замина таваҷҷуҳ ба интихоби навъҳои дарахту буттаҳо бо назардошти хусусиятҳои зебоибахшиашон ба шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт ва риояи қоидаҳои дурусти агротехникӣ дар раванди ниҳолшинонӣ равона гардид. Зеро риояи ин қоидаҳо асоси нашъунамои хуби минбаъдаи дарахтон мебошад.
Бояд гуфт, ки муроҷиати Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бобати ба «Шаҳри сабз» табдил додани Душанбе ҳамчун пешниҳоди ҷолиб дар таъмини муҳити тозаи экологӣ миёни аҳли ҷомеа ҳамовозии гарму ҷӯшон ба миён овард.
Ҳамзамон Раиси шаҳр иқдоми мазкурро саҳмгузорӣ дар ободонии пойтахти мамлакат арзёбӣ намуда, онро барои насли наврас намунаи ибрат ва омили дӯст доштани табиат, макони зист ва сарзамини аҷдодӣ маънидод карданд.
Ин аст, ки ҳоло аксар сокинони пойтахт бо нишони ҷонибдорӣ аз ин иқдоми роҳбарияти шаҳри Душанбе дар назди ҳавлӣ, атрофи биноҳои истиқоматӣ, корхонаву муассиса, ташкилоту идораҳо ба шинонидани дарахтони ҳамешасабзу сояафкан шурӯъ намудаанд. Зеро шинонидани дарахт ва бунёди боғу гулгаштҳо ба авзои экологӣ таъсири амиқ гузошта, муҳити зистро бо ҳавои тоза, ки асоси ҳастии ҳаёт ба он вобаста аст, ғанӣ мегардонанд.
Метавон гуфт, ки ҳоло дар ҳамаи манотиқи мамлакат, махсусан шаҳри Душанбе зебо гардонидани маҳали зист, шинонидани дарахтону буттаҳо ва гулҳои зебо кори ҳамешагии одамон шудааст.
Барои боз ҳам сарсабзу хуррам ва зебо гардонидани симои пойтахти мамлакат моҳи августи имсол қарори навбатии Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба ниҳолшинонию сабзкорӣ дар мавсими тирамоҳи соли 2020 ва баҳори соли 2021» ба тасвиб расид.
Дар мавсими ниҳолшинонии тирамоҳи соли 2020 ва баҳори соли 2021 шинонидани 64 172 бех ниҳоли дарахтони сояафкану ороишӣ, ки аз ин шумора 21 668 бех дарахтони сояафкан, 24 586 бех дарахтони ороишӣ, 13 076 бех буттаҳо ва 4 842 бех дарахтони мевандиҳандаанд, ба нақша гирифта шудааст.
Инчунин вобаста ба шинонидани гулҳои мавсимию бисёрсола дар ин давра ба нақша гирифта шудааст, ки дар кӯчаю хиёбонҳо, шаҳраку маҳаллаҳо ва боғҳои фарҳангу фароғатӣ ба миқдори 12 409 012 дона, гулҳои мавсимию бисёрсола шинонида мешаванд, ки аз ин шумора 8 644 242 дона гулҳои мавсимӣ, 835 261 дона гулҳои бисёрсола, 2 929 509 дона гулҳои лола буда, дар масоҳати 165 150 метри мураббаъ майдонҳои майсазор ташкил карда мешаванд. Ин яке аз рукнҳои ба «Шаҳри сабз» табдил ёфтани пойтахти азизамон- шаҳри Душанбе мебошад.