ФУТБОЛ.Сиёвуш Асроров фаъолияти варзишиашро дар дастаи «Шейх Руссел»-и Бангладеш идома медиҳад

Декабрь 10, 2020 11:00

ДУШАНБЕ, 10.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бозингари 28- солаи дастаи  мунтахаби  Тоҷикистон  Сиёвуш Асроров фаъолияти варзишиашро дар дастаи футболи «Шейх Руссел»-и  Бангладеш идома медиҳад. Дастаи охирини фаъолият намудаи Сиёвуш Асроров дастаи футболи «Локомотив-Помир» -и шаҳри Душанбе буд, ки дар он ҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон нуҳ бозии худро дар даври дуюми Чемпионати Тоҷикистон-2020 баргузор кард. Дар ин бора  шореҳи  варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Хотиррасон менамоем, ки қаблан Сиёвуш Асроров дар  дастаҳои футболи  «Хатлон»-и шаҳри Бохтар, «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе, «ПКНП»-и  Малайзия ва «Рахматганж»-и Бангладеш  бозӣ намудааст.

Сиёвуш Асроров аз соли 2014 дар дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозӣ мекунад.

Декабрь 10, 2020 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад