ФУТБОЛ.Сиёвуш Асроров фаъолияти варзишиашро дар дастаи «Шейх Руссел»-и Бангладеш идома медиҳад
ДУШАНБЕ, 10.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бозингари 28- солаи дастаи мунтахаби Тоҷикистон Сиёвуш Асроров фаъолияти варзишиашро дар дастаи футболи «Шейх Руссел»-и Бангладеш идома медиҳад. Дастаи охирини фаъолият намудаи Сиёвуш Асроров дастаи футболи «Локомотив-Помир» -и шаҳри Душанбе буд, ки дар он ҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон нуҳ бозии худро дар даври дуюми Чемпионати Тоҷикистон-2020 баргузор кард. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Хотиррасон менамоем, ки қаблан Сиёвуш Асроров дар дастаҳои футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар, «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе, «ПКНП»-и Малайзия ва «Рахматганж»-и Бангладеш бозӣ намудааст.
Сиёвуш Асроров аз соли 2014 дар дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозӣ мекунад.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






