Имрӯз дар Душанбе хатсайри троллейбуси №11 ба фаъолият оғоз менамояд
ДУШАНБЕ, 14.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз имрӯз, 14 декабр дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе хатсайри троллейбуси №11, ки маҳаллаи 82 – Боғи С.Айниро дар бар мегирад, ба фаъолият оғоз менамояд.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, троллейбусҳо дар хатсайри мазкур тавассути хиёбонҳои Исмоили Сомонӣ ва Рӯдакӣ ҳаракат менамояд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз сокинон ва меҳмонони пойтахт эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки аз хизматрасонии троллейбусҳои нави муосир истифода баранд. Пардохти ҳаққи роҳкиро дар хатсайри мазкур низ тариқи корти нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки 11 декабр, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар муаррифии 36 автобус ва 69 троллейбуси нав дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Троллейбусҳои нав, ки ҳамакнун дар кӯчаҳои пойтахт ба ҳаракат меоянд, тамғаи БКМ-32100D истеҳсоли корхонаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Белкоммунмаш” — и Ҷумҳурии Белорус мебошанд.
Ҳар як троллейбус дар умум барои 90 мусофир, бо 22 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст.
Троллейбусҳо бо низоми клининг муҷаҳҳаз буда, ҳангоми таваққуф дар истгоҳ, барои баромадану фаромадани қулайи мусофирон сатҳи даромадгоҳи он паст мегардад.
Троллейбусҳои нав дорои як қатор шароити муосири хизматрасонӣ буда, аз тамғаҳои қаблӣ бо сарфаи неруи барқ то 30 фоиз ва дар ҳолатҳои бебарқӣ ё дигар сабабҳо, имкони ҳаракат кардан то 15 километр фарқ мекунанд.
Ҳамчунин троллейбусҳо технологияи навини категорияи сеюм буда, бо муҳаррики нерӯи ҷараёни тағирёбанда қабулкунанда ва батареяҳои литтий ҷиҳозонида шудааст.
Дастакҳо ё худ шохаҳои ин навъи троллейбусҳо тариқи худкор аз ҷойи нишасти ронанда ба воситаи пахши тугмачаи махсус боло ва поён карда мешавад.
Иттилоъ дода шуд, ки рӯзҳои наздик боз 31 адад троллейбуси навъи муосир аз Ҷумҳурии Белорус дастрас карда мешавад ва 14 адад автобуси шаҳрии тамғаи «Акиа Ориё» омодаи кор мегардад.








«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
Дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ баргузор гардид
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд






