«Ҳизби ормонҳои миллӣ» — таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир гардид

Декабрь 11, 2020 16:28

ДУШАНБЕ, 11.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. 10 декабр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба  рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Кумита Иҷроияи Марказии ҳизб таҳти унвони «Ҳизби ормонҳои миллӣ» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир намуд. Дар ҳамоиш  дар мувофиқа бо Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  ба муносибати 26-солагии  ҳизб як зумра фаъолони он  бо “Ифтихорнома” ва “Сипоснома”-ҳо  қадрдонӣ  шуданд.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ҳамоиши мазкур  муовини якум ва муовинони Раиси ҲХДТ, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як зумра  собиқадорону ходимони давлативу ҷамъиятӣ иштирок намуданд.

Муовини Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ паёми шодбошии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  ба  ҳозирин расонид.

Мавсуф  иброз дошт, ки  ҲХДТ зодаи даврони соҳибистиқлолии мамлакат буда, дар марҳилаи басо душвор, замоне, ки  ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар мамлакат авҷ дошт ба саҳнаи сиёсии Тоҷикистон ворид гашт ва тавонист, ин оташи ин ҷанги таҳмилиро хомӯш намояд.

“Раиси муаззами ҳизб ҳанӯз дар оғози таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон эълон дошта буданд, ки мақсади асосӣ аз созмон додани ин ҳизб сарҷамъу муттаҳид кардани миллати тоҷик ва тамоми нерӯҳои созандаву солимфикри ҷомеа, баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва ватандӯстиву ватанпарварии мардуми кишвар аст, ки ба хотири барпо кардани давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, аз лиҳози иқтисодиву иҷтимоӣ пешрафта ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ба ҳар як шаҳрванди мамлакат талош варзанд”,-афзуд Абдуҷаббор Азизӣ.

А. Азизӣ ҳамчунин  таъкид намуд, ки “имрӯз ҲХДТ масъулияти бузургӣ ватандориву ватансозиро ба ӯҳда дорад. Ҳизби мо ба ҳайси неруи пешбарандаи ҷомеа, аз ҷумлаи ниҳодҳои сиёсиест, ки беш аз ним миллон нафа аъзо , инчунин ҷонибдорони зиёд дошта дар ҳалли масъалаҳои ҳамарӯзаи ҳаёти мардум фаъол ва саҳми он барои расидан ба ҳадафҳои рушди миллӣ ниҳоят муҳим мебошад».

Муовини Раиси  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии    Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ зикр кард, ки имрӯз аз таъсисёбии ҲХДТ 26 сол сипарӣ гардид ва дар ин муддат  ҳизб  таҳти роҳбарии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа рӯз аз рӯз обрӯ ва нуфузи худро тақвият мебахшад. Ҳадафу мақсадҳои барномаҳои он дар заминаи татбиқу карорҳои Анҷуман, маҷлисҳои КИМ ҲХДТ, дастуру супоришҳои Пешвои ҳизб пайгирона дар амал татбиқ мегарданд. Нақши ҲХДТ дар амалӣ намудани барномаҳои стратегии давлату ҳукумат дар бахшҳои иқтисоду сиёсату илму фарҳанг, баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии мардум, беҳдошти рӯзгори сокинони ҷумҳурӣ ва ғайра хеле калон мебошад.

— Мо вакилон, аъзои Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар фаъолияти қонунгузории хеш бо истифода аз таҷриба ва ҳуқуқу ташаббусҳоямон дар таҳия ва ба тасвиб расонидани қонунҳои фарогири масъалаҳои сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ талош намуда, дар самтҳои қонунгузорӣ ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои стратегияи миллии мамлакат доир ба таъмини истиқлолияти энергетикӣ бо истифодаи самарабахши неруи барқ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил ёфтани мамлакат, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноатикунонии босуръати кишвар ва вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул, инчунин фароҳам овардани шароит дар бахши иҷтимоӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда дар оянда низ ин иқдомро тавсеа хоҳем бахшид,- афзуд Д. Мансурӣ.

Муовини Сарвазири Тоҷикистон Матлубахон Сатториён изҳор дошт, ки афзудани шумораи ҳизби мазкур худ гувоҳи он аст, ки тадбирҳои созандаи он натиҷаҳои  босамари  иҷрои ҳадафҳои оинномавӣ  боварӣ ва эътимоди мардумро  ба ғояҳои ҳизб афзун гардонид. “Ҳамин тавр, 26 сол қабл ҳизбе таъсис дода шуд, ки дар замоне, ки кишвар дар вазъи хеле душвор қарор дошт ҳибе таъсис дода шуд, ки рисолати асосиаш ба даст овардани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати саросарӣ дар мамлакатамон Тоҷикистон буд”,-илова кард номбурда.

Дар ҳамоиш инчунин намояндагони дигар соҳаҳо ва собиқадорони ҳизби мазкур суханронӣ намуда, фикру ақидаҳои худро доир ба ҳизб ва пеграфти он баён намуданд.

София Шоик,
АМИТ “Ховар”

Декабрь 11, 2020 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе маркази муосири телефонҳои мобилӣ ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии «Real Phone» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол»: мавсими 2026 дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дорад!
ХУДШИНОСӢ ВА ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ — ОМИЛИ КАЛИДИИ ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди пойдории ҳуқуқии давлат дар таълимоти Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Green Wi-Fi: интернет ҳангоми сайру гашт дастрастар мегардад
Nexign ва TelecomDaily: бозори алоқаи Тоҷикистон дар соли 2025 ба андозаи 13,7% афзоиш ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Шаҳринав даври ноҳиявии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» доир гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад