НА КАМ АЗ 10 ДОЛЛАР БАРОИ ЯК ВОЯ. Арзиши ваксинаи Россия бар зидди коронавирус эълон шуд

Декабрь 3, 2020 10:19

ДУШАНБЕ, 03.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Нархи ваксинаи коронавируси «Спутник V»-и Россия барои як воя на кам аз 10 доллар хоҳад буд. Дар ин бора зимни иҷлосияи махсуси Ассамблеяи генералии СММ роҳбари Фонди сармоягузории мустақими Россия (ФСМР) Кирилл Дмитриев хабар дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.

Ба гуфтаи Кирилл Дмитриев, ваксинаи Россия дар муқоиса бо дигар ваксинаҳо яке аз арзонтаринҳо хоҳад буд. Қарор аст «Спутник V» ба ҳамаи кишварҳо бо як нарх расонида шавад.

Кирилл Дмитриев инчунин гуфт, ки ФСМР метавонад истеҳсоли ваксинаи «Спутник V»-ро дар Миср ва Нигерия оғоз кунад.

Тибқи иттилои роҳбари ФСМР, шурӯъ аз моҳи марти соли 2021 Россия нақша дорад, ки ҳар моҳ 30 миллион воя ваксинаи «Спутник V» содир намояд. Дар оянда нишондоди баландтар дар назар аст. «Мо бо теъдоди зиёди шарикони саноатӣ кор карда истодаем, то истеҳсолотро ба таври назаррас зиёд намоем. Пас аз қонеъ гардонидани талабот дар Россия, мо онро барои истеҳсоли ваксинаҳое, ки ба дигар кишварҳо интиқол дода мешаванд, истифода мебарем», тазаккур дод Кирилл Дмитриев.

Ба гуфтаи ӯ, зиёда аз 40 кишвар, ки дар онҳо зиёда аз 50% аҳолии ҷаҳон зиндагӣ мекунанд, ба ваксина таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд. Кирилл Дмитриев илова кард, ки фонд барои зиёда аз 1 миллиарду 200 миллион воя ваксина фармоиш гирифтааст.

«Спутник V» аввалин ваксинаи бақайдгирифташуда дар ҷаҳон мебошад. Ҳоло он аз санҷишҳои пас аз бақайдгирӣ гузашта истодааст, ки дар он танҳо дар Россия 40 ҳазор ихтиёриён иштирок мекунанд. Ба ғайр аз Россия, озмоишҳои клиникии дору дар Беларус, Бразилия, Ҳиндустон ва Амороти Муттаҳидаи Араб низ ҷараён доранд.

АКС аз бойгонӣ

Декабрь 3, 2020 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон