Нерӯҳои амниятии Миср зимни ду амалиёт 40 террористро маҳв карданд
ДУШАНБЕ, 09.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Нерӯҳои амниятии Миср зимни ду амалиёти зиддитеррористӣ дар музофоти Синайи Шимолӣ 40 террористро маҳв карданд. Дар ин бора АИ «Синхуа» бо истинод ба изҳороти артиши Миср хабар медиҳад.
Дар изҳорот омадааст, ки нерӯҳои амниятӣ дар як амалиёти зиддитеррористӣ чанд паноҳгоҳи террористонро хароб карда, 25 террористро маҳв карданд. Зимни амалиёти дигар 15 нафар кушта шуд. Инчунин, шаш мошин, панҷ гузаргоҳи зеризаминӣ хароб карда шуда, 159 воситаи тарканда, 32 мотосикл, се силоҳи оташфишон ва чанд воситаи алоқаи бесим мусодира карда шуданд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар ин ду амалиёт ду афсар ва чаҳор сарбоз кушта ё захмӣ шуданд. Замони амалиёт ифшо нашудааст.
Тайи солҳои охир дар Миср амалиётҳои ҷиддии зиддитеррористӣ гузаронида мешаванд. Соли 2020 нерӯҳои амниятии ин кишвар дар натиҷаи амалиётҳои такрорӣ садҳо террористонро маҳв кардаанд.








Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд






