ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабр ва тағйирёбандаи бебориш дар назар аст

Декабрь 18, 2020 08:08

ДУШАНБЕ, 18.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда шуда, туман мефарояд.  Дар ин бора аз  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво  тағйирёбанда ва дар баъзан ноҳияҳо камабри бебориш мешавад.  Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 11-16 дараҷа хунук ва рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона  30-35  ва ва рӯзона 11-16  дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд   камабр дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона аз 4 дараҷа хунук  то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 12-17 дараҷа  хунук ва рӯзона аз 4  дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабр ва тағйирёбандаи бебориш мешавад. Туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 1+6  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво  тағйирёбанда шуда, туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7-12 дараҷа хунук ва рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш  шуда, туман мефарояд.  Шамол аз самти  шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 4-6 дараҷа хунук  ва рӯзона   8+10 дараҷа гарм мешавад.

Декабрь 18, 2020 08:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад