Пагоҳ Иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мегардад

Декабрь 24, 2020 11:58

ДУШАНБЕ, 24.12.2020/АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 25 декабр дар  пойтахти мамлакат   иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мегардад. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

«Айни замон ба рӯзномаи иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум  4  масъала —  дар бораи  «Ҳисоботи Раиси шаҳри Душанбе «Оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2020»,   Лоиҳаи буҷети шаҳри Душанбе барои соли 2021 ва тасдиқи иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2019,  иҷрои барномаҳои давлатӣ ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соҳаи ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳӣ, инчунин  тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе ворид карда шудаанд»,-афзуд манбаъ

Ҳамчунин тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 10 декабри соли 2020  барои омода намудани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия гурӯҳи корӣ  таъсис дода шуда буд. Тибқи ин қарор, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум   то  22 декабри соли 2020 дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷаи онҳо ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум таклифҳои мушаххас  пешниҳод  намуданд. Гурӯҳи корӣ ин таклифу пешниҳодҳоро барои баррасӣ дар иҷлосия пешниҳод менамояд.

Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Декабрь 24, 2020 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
Дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ баргузор гардид
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид