Раиси шаҳри Душанбе аз мавҷудияти камбудиву норасоиҳо дар соҳаи сохтмони пойтахт изҳори нигаронӣ карданд

Декабрь 25, 2020 14:53

ДУШАНБЕ, 25.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Айни замон дар шаҳри Душанбе корҳои сохтмонӣ дар  450 бинову иншоот  бомаром идома доранд, вале тавре ба  мушоҳида мерасад, дар соҳаи сохтмон  ҳанӯз ҳам камбудиву норасоиҳо ҷой доранд. Бинобар ин, муовини якум, роҳбарони лоиҳаҳо ва сохторҳои шаҳриро зарур аст, ки  зимни татбиқи лоиҳаҳо  ҷалби бештари ширкатҳои ватании таҷрибадор ва кормандони маҳаллӣ,  истифодаи масолеҳи босифати сохтмонӣ ва назорати иҷрои корҳоро ҳамарӯза таъмин намоянд,- таъкид намуданд  Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз дар иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, дар ин робита  Рустами Эмомалӣ ба сохторҳои масъули шаҳр супориш доданд, ки барои интихоби ширкатҳои пешқадам, ки дар асл таҷрибаи сохтмонӣ доранду сифати корашон  ба талаботҳои соҳа ҷавобгӯ мебошад, қатъиян корбарӣ намоянд. Кумитаи идораи замини шаҳр  низ муваззаф гардид, ки  дар ин самт  назоратро ҷиддӣ намуда, дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати пешгирии сохтмонҳои худсарона ва ғасби замин  дар ҳудудҳои заминҳои воридгардида ва ноҳияҳои ҳамшафати шаҳр  тадбирҳои зарурӣ  андешанд.

Дар иҷлосия Раиси шаҳри Душанбе вобаста ба таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баргузории чорабиниҳои сиёсӣ дар шаҳри Душанбе муовини якум, муовинони раис ва раисони ноҳияҳоро вазифадор карданд, ки мунтазам дар тамоми шаҳраку маҳалла, корхонаву муассисаҳои давлативу ҷамъиятӣ шанбегиҳо ташкил намуда, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, таъмини техникаҳои муосири партовкашонӣ ва пурра фаро гирифтани муштариён бо шартномабандӣ тадбирҳо андешида, дар соли 2021 ба солимгардонии корхонаҳои партовкашонӣ аҳамияти махсус зоҳир намоянд.

Декабрь 25, 2020 14:53

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд