Раиси шаҳри Душанбе аз мавҷудияти камбудиву норасоиҳо дар соҳаи сохтмони пойтахт изҳори нигаронӣ карданд
ДУШАНБЕ, 25.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Айни замон дар шаҳри Душанбе корҳои сохтмонӣ дар 450 бинову иншоот бомаром идома доранд, вале тавре ба мушоҳида мерасад, дар соҳаи сохтмон ҳанӯз ҳам камбудиву норасоиҳо ҷой доранд. Бинобар ин, муовини якум, роҳбарони лоиҳаҳо ва сохторҳои шаҳриро зарур аст, ки зимни татбиқи лоиҳаҳо ҷалби бештари ширкатҳои ватании таҷрибадор ва кормандони маҳаллӣ, истифодаи масолеҳи босифати сохтмонӣ ва назорати иҷрои корҳоро ҳамарӯза таъмин намоянд,- таъкид намуданд Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз дар иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, дар ин робита Рустами Эмомалӣ ба сохторҳои масъули шаҳр супориш доданд, ки барои интихоби ширкатҳои пешқадам, ки дар асл таҷрибаи сохтмонӣ доранду сифати корашон ба талаботҳои соҳа ҷавобгӯ мебошад, қатъиян корбарӣ намоянд. Кумитаи идораи замини шаҳр низ муваззаф гардид, ки дар ин самт назоратро ҷиддӣ намуда, дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати пешгирии сохтмонҳои худсарона ва ғасби замин дар ҳудудҳои заминҳои воридгардида ва ноҳияҳои ҳамшафати шаҳр тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Дар иҷлосия Раиси шаҳри Душанбе вобаста ба таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баргузории чорабиниҳои сиёсӣ дар шаҳри Душанбе муовини якум, муовинони раис ва раисони ноҳияҳоро вазифадор карданд, ки мунтазам дар тамоми шаҳраку маҳалла, корхонаву муассисаҳои давлативу ҷамъиятӣ шанбегиҳо ташкил намуда, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, таъмини техникаҳои муосири партовкашонӣ ва пурра фаро гирифтани муштариён бо шартномабандӣ тадбирҳо андешида, дар соли 2021 ба солимгардонии корхонаҳои партовкашонӣ аҳамияти махсус зоҳир намоянд.









Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд






