Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба маъракаи ниҳолшинонӣ вусъати тоза бахшиданд

Декабрь 14, 2020 19:35

ДУШАНБЕ, 14.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар доираи маъракаи сабзухуррамгардонӣ, ҳамчун рамзи вусъат бахшидан ба маъракаи ниҳолшинонӣ дар пойтахт ва тадбирҳои вобаста ба иқдоми «Шаҳри сабз», ба кӯчаи Низомии Ганҷавии ноҳияи Сино ташриф оварда, дар маъракаи ниҳолшинонӣ иштирок намуданд.

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар даромадгоҳи асосии Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе шахсан ду дарахт шинонида, масъулинро ба боз ҳам ҷоннок намудани тадбирҳои вобаста ба сабзу хуррамгардонӣ дар ҳудуди пойтахт ҳидоят карданд.

Чуноне ба Раиси шаҳри Душанбе иттилоъ дода шуд, дарахтони шинонидашуда  аз навъи Платан буда, умри беш аз 60 сола доранд ва бо нашъунамояшон, оянда ба ин иншооти нодири шаҳри Душанбе зебогии бештар зам менамояд.

Дар ин рӯз ҳамзамон дар ҳудуди Боғи Ҷавонон ниҳоли дарахтони ликвидамбар, ки аз навъҳои нодир ва ба иқлими маҳал тобовар мебошад, шинонида шуд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ интихоби навъҳои дарахту буттаҳои ба иқлими пойтахт тобовар ва риояи қоидаҳои дурусти агротехникро дар раванди ниҳолшинонӣ аз шартҳои асосӣ дар нашъунамои минбаъдаи дарахтон арзёбӣ карда, махсусан таъкид намуданд, ки дар рафти маъракаҳои ниҳолшинонӣ аз маслиҳатҳои мутахассисони соҳа ҷиддӣ истифода карда шавад.

Қобили қайд аст, ки дар пайи тадбирандешиҳои роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар роҳи таъмини муҳити тозаи экологӣ тавассути шинонидану парвариш кардани гулу дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ, хусусан туфайли муроҷиати Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ  оид ба «Шаҳри сабз» табдил додани шаҳри Душанбе, ки  зимни баргузории иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе садо дод, дар пойтахти мамлакат дигаргуниҳои куллӣ ба миён омад.

Муроҷиати мазкур миёни аҳолии шаҳри Душанбе ҳамовозии гарму ҷӯшон пайдо намуда, ба маъракаи умумишаҳрӣ табдил ёфт. Ин аст, ки ҳоло  сокинони пойтахт ва кормандони касбу кори гуногун бо нишони ҷонибдорӣ аз ин иқдом, дар назди ҳавлӣ, атрофи биноҳои истиқоматӣ, корхонаву муассиса, ташкилоту идораҳо, мутташакилона  ба маъракаи ниҳолшинонӣ пайвастаанд.

Натиҷа ин аст, ки  ҳамагӣ давоми як моҳи оғози мавсими имсолаи ниҳолшинонӣ, дар миқёси шаҳри Душанбе зиёда аз 53 ҳазор дарахтони гуногуни ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуданд.

Дар маҷмӯъ, бошад, тибқи нақшаи пешбинишуда дар ҳудуди шаҳри Душанбе ин мавсим беш аз 100 ҳазор бех дарахтони сояафкану ороишӣ ва зиёда аз 10 миллион адад гулҳои мавсимиву бисёрсола, аз ҷумла 3,5 миллион дона  гулҳои лола шинонда ва парвариш меёбад.

Декабрь 14, 2020 19:35

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
Дар минтақаи Ховарон дар беш аз 7 гектар боғи мевадиҳанда бунёд мегардад
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳҳои мошингарди Ванҷ беш аз 2000 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ 700 бех ниҳоли гуногун шинонида шуд
Дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ баргузор гардид
«КИШВАРИ САБЗ». Кормандони Хадамоти гумрук дар ноҳияи Варзоб беш аз 17 ҳазор бех ниҳол шинониданд
Дар заминҳои бекорхобидаи теппаҳои деҳаи Шодоби ноҳияи Варзоб боғи намунавӣ бунёд карда шуд
«ШАҲРИ САБЗ». Дар ҳудуди Боғи «Ғалаба» ва ҷангалҳои пойтахт 3,6 ҳазор бех ниҳоли дарахти санавбар шинонида шуд
Дар назди бинои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дарахтони навъи магнолия шинонида шуданд
«ЯК ҶАВОН – ЯК ДАРАХТ». Дар Душанбе иқдоми ҷумҳуриявии ниҳолшинонӣ баргузор гардид