Рушди робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Британияи Кабир оид ба масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ баррасӣ шуд

Декабрь 1, 2020 11:31

ДУШАНБЕ, 01.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. 30 ноябр мулоқоти видеоии муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон  Музаффар Ҳусейнзода бо муовини парлумонии Котиби давлатии Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Венди Мортон баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ҷонибҳо ба рушди робитаҳои дуҷониба дар масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ изҳори ҳавасмандӣ карданд. Дар суҳбат инчунин масъалаҳои муборизаи муштарак бо ҳамагирии COVID-19 ва коҳиши пайомадҳои тағйирёбии иқлим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамсуҳбатон аҳамияти тавсеаи ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои молиявиро таъкид карданд.

АКС аз ВКХ ҶТ

Декабрь 1, 2020 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Лубнон Сафири Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт
Масъалаи таъсиси намояндагии доимии ЮНЕСКО дар Душанбе баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдори доимии ИДМ баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи кувайтии «Ал-Қабас» вохӯрӣ намуд
Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон бо Роҳбари Дастгоҳи Подшоҳи Урдун вохӯрӣ намуд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж конфронси байналмилалӣ оид ба мероси илмӣ ва адабии Умари Хайём доир шуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини раиси Девони вазирони Туркманистон мулоқот намуд
Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Сеул таҷлил намуданд
Баргузории рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистону Миср дар кишварҳои якдигар баррасӣ гардид
Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Туркманистон таҷлил намуданд
Ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Урдун баррасӣ шуд