«Саноатикунонии босуръати кишвар ва шуғли пурмаҳсули аҳолӣ» — таҳти ин унвон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиш баргузор гардид

Декабрь 8, 2020 16:33

ДУШАНБЕ, 08.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода ҳамоиши парлумонии машваратӣ дар мавзӯи «Саноатикунонии босуръати кишвар ва шуғли пурмаҳсули аҳолӣ» баргузор гардид.

Ҳамоиши мазкур бо иқдоми Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, дар баробари вакилони мардумӣ дар кори он  роҳбарони вазорату кумитаҳои секторҳои иқтисодию  саноатии  мамлакат  иштирок намуданд.

Дар ҳамоиш Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода аҳамияти рушди соҳаи саноатро  дар мамлакат маънидод  намуда, таъкид кард, ки «сиёсати дурбинонаи Пешвои муаззами миллат вобаста ба пешниҳод ва қабули ҳадафҳои стратегӣ, аз ҷумла масъалаи саноатикунонии босуръат ё худ индустриаликунонии мамлакат, яке аз асосҳои калидии пешрафти иқтисодиёти миллӣ ба шумор меравад. Зеро мо худ шоҳиди он ҳастем, ки амалигардонии се ҳадафи қабулгардида, ба раҳоӣ бахшидани кишвар аз буҳрони шадиди иқтисодӣ, гузоштани заминаи устувор ба таъмини рушди иқтисодиёт, бунёди зерсохторҳои энергетикӣ ва коммуникатсионӣ, аз ҷумла роҳу нақбҳо, хатҳои баландшиддати интиқоли барқ, зеристгоҳҳои барқӣ, рушди бомароми саноату кишоварзӣ, соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ, инчунин бунёди садҳо ҳазор гектар боғу токзор заминаи басо бузург фароҳам овард».

Ҳамзамон Раиси Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсияи Маҷлиси намояндагон Амонулло Хайрулло  таъкид намуд, ки «мақсад аз баргузории чорабинии мазкур фароҳамоварии шароити мусоиди асосҳои ҳуқуқӣ бо вориднамоии тағйироту иловаҳо дар қонунҳои амалкунандаи соҳавӣ ва таҳияи қонунҳои мукаммали нав ҷиҳати таъмини рушди босуръату устувори саноати мамлакат мебошад».

Дар ҳамоиш Вазири саноат ва технологияҳои нав Кабир Шералӣ, Вазири энергетика ва захираҳои об Ҷумъа Далер, вазири кишоварзӣ Сулаймон Зиёзода, муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Ашурбой  Солеҳзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод, сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода ва дигар шахсони расмӣ баромад намуда, роҳҳои тақвият бахшидан ба саноатикунонии мамлакат ва дурнамои барномаҳои амалишавандаро дар самти саноатикунонии босуръати кишвар шарҳу тафсир доданд.

Сипас миёни  иштирокдорон музокираҳо сурат гирифта,  номбурдагон  ба саволҳои вакилони мардумӣ посух гуфтанд.

Дар интиҳо муовини раиси Маҷлиси намояндагон Қодири Қосим баромад намуда, доир ба масъалаҳои мубрами  саноатикунонӣ  ва ҷиҳати татбиқи ҷанбаҳои қонунгузории соҳавии кишвар андешаронӣ намуд. Ҳамзамон аз ҷониби иштирокдорон бо таклифу пешниҳодҳои вакилони мардумӣ тавсияҳои парлумонӣ қабул карда шуданд.

Декабрь 8, 2020 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Чин дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон ба тасвиб расид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир шуд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси аш — Шурои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо муовини якуми Раиси Федератсияи палатаҳои тиҷоратии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Раиси Агентии рушди сармоягузории Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагон бо устодону донишҷӯён доир гардид
Ба омӯзгорону донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд муҳтавои Паёми Президенти Тоҷикистон расонида шуд
Ба сокинони ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Муъминобод ва Ховалинг Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳ дода шуд
Раиси Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода ба сокинони Рашт нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистонро шарҳ дод
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе вохӯрии вакилон бо интихобкунандагон доир шуд