Собиқ вазири нақлиёти Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода вазифаи нав гирифт

Декабрь 25, 2020 10:29

ДУШАНБЕ, 25.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Собиқ вазири нақлиёти Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода дар ширкати роҳсозии «Innovative Road Solutions» (IRS) вазифаи нав гирифт, иттилоъ медиҳад сомонаи ширкат.

Мутобиқи маълумот, Худоёрзода муовини директор оид ба нигоҳдорӣ ва хизматрасонии роҳ таъйин шудааст.

Ёдовар мешавем, ки IRS нигоҳдории шоҳроҳи Душанбе — Чаноқро ба уҳда дорад. Яке аз муҳимтарин ҳадафҳои ширкати «Инновейтив Роуд Солюшнз» дар Тоҷикистон- ин расонидани кумак ба халқ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дастрас гардонидани ҳаракати доимӣ ва бехатар дар тӯли сол дар роҳҳои мамлакат, рушди инфрасохтори роҳҳҳо, мусоидат дар ҷалби сармоя ва баланд бардоштани сатҳи гардиши мол дар дохили кишвар ва бо кишварҳои хориҷӣ мебошад.

                                                       АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Декабрь 25, 2020 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад