СУРАТ-ДАЛЕЛ. Дар Душанбе волонтёрон дарахтонро аз барф тоза карданд
ДУШАНБЕ, 28.12.2020 /АМИТ «Ховар» /. Субҳи имрӯз волонтёрони Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» барои аз барф тоза намудани дарахтони сояафкану ороишии ҳудуди шаҳри Душанбе ҳашар ташкил намуданд. Онҳо ин амалро бо мақсади осеб наёфтани дарахтон аз бориши зиёди барф, аз ҷумла аз пурборӣ шикаста нагаштани шохаҳои ниҳолҳои нав шинонидашуда роҳандозӣ намуданд.
Тавре сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода ба АМИТ «Ховар» иброз дошт, айни замон дар пойтахт беш аз 2 ҳазор нафар волонтёр буда, дар Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр беш аз 250 нафар ихтиёриёни фаъолу ташаббускоре, ки ҳамарӯза саҳми арзишманди хешро дар пешрафти ҷомеа мегузоранд, хизмат мерасонанд.
«Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми хайрхоҳӣ бисёр фаъол буда, ихтиёриён дар тамоми самтҳои ҷомеа саҳми арзишманд мегузоранд. Хусусан дар шаҳри Душанбе рушду ҳаракати волонтёрӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии кор бо ҷавонон ва варзиш ҳисобида мешавад. Ин низом зери таваҷҷуҳи хоссаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ қарор дорад. Саҳми волонтёрон имрӯз дар ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳои гуногуни сатҳи баланд дар пойтахт ниҳоят назаррас аст»,-афзуд номбурда.
Мавриди зикр аст, ки Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» дар рӯзҳои мушкил дар паҳлӯи халқу миллат ва давлат буда, волонтёрони он ҳамчун пайравони асили Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми ҷабҳаҳо содиқона ва софдилона хизмат менамоянд. Аз ҷумла, соли равон ҳайати волонтёрони Ташкилот дар минтақаҳои сохтмонӣ барои анҷом додани корҳо кӯмак намуда, ҷиҳати ҳар чӣ тезтар анҷом додани сохтмони манзилҳои нав дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ба зарардидагон мусоидат намуданд.
Волонтёрон дар давраи пандемия дар роҳи мубориза ва пешгирӣ аз коронавирус Сovid-19 бо ташкили аксияҳои тарғиботӣ, флешмобҳои гуногун дар ҷумҳурӣ, таҳияи маводҳои тавсиявии видеоӣ, намоиши барномаҳои гуногуни онлайнӣ саҳми назаррас гузоштанд. Аз ҷумла, «Маркази машваратии хизматрасонии волонтёрон оид ба пешгирӣ ва мубориза бо COVID-19 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Турсунзода (барои минтақаи Ҳисор) ва дар ноҳияи Рашт (барои минтақаи Рашт) фаъолият намуда, тавонист дар муддати кӯтоҳ ба ҳазорон нафар шаҳрвандони мамлакат маслиҳату машварат ва кӯмакҳои иҷтимоии яквақтаина расонад.
Хотиррасон мешавем, ки дар интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 октябри соли 2020 баргузор гардид, 10 ҳазор нафар волонтёрон дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат барои расонидани хизмат дар маъракаи муҳими сиёсӣ ҷалб карда шудаанд ва аз ин теъдод танҳо 250 нафар волонтёроне, ки донандаи хуби забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мебошанд, барои мушоҳидони байналмилалӣ ҳамчун роҳбалад хизмат намуданд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» соли 2013 қабул гардид. Аз 5 марти соли 2014 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти волонтёрӣ муайян карда шуд. Ҳоло дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат дар самти фаъолияти волонтёрӣ имкониятҳои зиёд фароҳам шуда, дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш «Клуби волонтёрон» ташкил карда шудааст.















Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд






