СУРАТ-ДАЛЕЛ. Дар Душанбе волонтёрон дарахтонро аз барф тоза карданд

Декабрь 28, 2020 15:17

ДУШАНБЕ, 28.12.2020 /АМИТ «Ховар» /. Субҳи имрӯз волонтёрони Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат»  барои аз барф  тоза намудани дарахтони сояафкану ороишии ҳудуди шаҳри Душанбе  ҳашар  ташкил намуданд.  Онҳо  ин амалро бо мақсади  осеб наёфтани дарахтон  аз бориши зиёди барф, аз ҷумла аз пурборӣ  шикаста нагаштани шохаҳои ниҳолҳои нав шинонидашуда  роҳандозӣ намуданд.

Тавре сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода ба АМИТ «Ховар»  иброз дошт, айни замон  дар  пойтахт  беш аз 2 ҳазор нафар волонтёр буда,  дар Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр беш аз 250 нафар ихтиёриёни фаъолу ташаббускоре, ки ҳамарӯза саҳми арзишманди хешро дар пешрафти ҷомеа мегузоранд, хизмат мерасонанд.

«Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми хайрхоҳӣ бисёр фаъол буда, ихтиёриён дар тамоми самтҳои ҷомеа саҳми арзишманд мегузоранд. Хусусан дар шаҳри Душанбе рушду ҳаракати волонтёрӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии кор бо ҷавонон ва варзиш ҳисобида мешавад. Ин низом зери таваҷҷуҳи хоссаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ қарор дорад. Саҳми волонтёрон имрӯз дар ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳои гуногуни сатҳи баланд  дар пойтахт ниҳоят назаррас аст»,-афзуд номбурда.

Мавриди зикр аст, ки  Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» дар рӯзҳои мушкил дар паҳлӯи халқу миллат ва давлат буда, волонтёрони он ҳамчун пайравони асили Сарвари давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми ҷабҳаҳо содиқона ва софдилона хизмат менамоянд. Аз ҷумла, соли равон  ҳайати волонтёрони Ташкилот дар минтақаҳои сохтмонӣ  барои анҷом додани корҳо кӯмак намуда, ҷиҳати ҳар чӣ тезтар анҷом додани  сохтмони манзилҳои нав дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон  ба зарардидагон мусоидат намуданд.

Волонтёрон  дар давраи пандемия дар роҳи мубориза ва пешгирӣ аз коронавирус Сovid-19  бо ташкили аксияҳои тарғиботӣ, флешмобҳои гуногун дар ҷумҳурӣ, таҳияи маводҳои тавсиявии  видеоӣ, намоиши барномаҳои гуногуни онлайнӣ саҳми назаррас гузоштанд. Аз ҷумла, «Маркази машваратии хизматрасонии волонтёрон оид ба пешгирӣ ва мубориза бо COVID-19 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Турсунзода (барои минтақаи Ҳисор) ва дар ноҳияи Рашт (барои минтақаи Рашт) фаъолият намуда, тавонист дар муддати кӯтоҳ ба ҳазорон нафар шаҳрвандони мамлакат маслиҳату машварат ва кӯмакҳои иҷтимоии яквақтаина расонад.

Хотиррасон мешавем, ки  дар интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 октябри соли 2020 баргузор гардид, 10 ҳазор нафар волонтёрон дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат барои расонидани хизмат дар маъракаи муҳими сиёсӣ  ҷалб карда шудаанд ва аз ин теъдод танҳо 250 нафар волонтёроне, ки донандаи хуби забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мебошанд, барои мушоҳидони байналмилалӣ  ҳамчун роҳбалад хизмат намуданд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» соли  2013 қабул гардид. Аз  5 марти соли 2014 бо  қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамчун мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти волонтёрӣ муайян карда шуд.  Ҳоло дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат  дар самти фаъолияти волонтёрӣ имкониятҳои зиёд фароҳам шуда, дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш «Клуби волонтёрон» ташкил карда шудааст.

Декабрь 28, 2020 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз 26 апрел дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Рустами Эмомалӣ сокинони шаҳри Душанберо ба муносибати Рӯзи пойтахт табрик намуданд
Ғолибон ва ҷоизадорони Ниммарафони XIV байналмилалии Душанбе муайян шуданд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
20 апрел дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Барои дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқаи байналмилалии Гран-Слам оид ба гӯштини ҷудо ҷаласаи кумитаи тадорукот доир гардид
Ба ғолибони озмунҳои «Мураббии сол-2023» ва «Омӯзгори сол-2023» 10 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад