СУТ: дар ҷаҳон дар як шабонарӯз зиёда аз 534 ҳазор ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ошкор шудааст
ДУШАНБЕ, 22.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаҳон теъдоди бемороне, ки дар вуҷуди онҳо COVID-19 ошкор шудааст аз 77,7 миллион нафар зиёд шудааст. Дар тӯли як шабонарӯз ин рақам беш аз 534 ҳазор афзудааст. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин хусус маълумоти имрӯз интишорёфтаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) шаҳодат медиҳад.
То соати 10:00 (вақти Душанбе) -и 22 декабр, ба СУТ дар бораи 77 716 246 ҳолати сироятёбӣ ва 1 708 924 ҳолати фавти беморон маълумот ворид шудааст. Шумораи сироятёфтагон то 534 657 нафар ва фавтҳо то 8 904 тан афзудааст.
Аз ҳама бештар ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ дар ИМА сабт шудаанд — 18 473 716. Аз паси он Ҳиндустон (10 075 422), Бразилия (7 264 221), Россия (2 877 727), Франсия (2 479 151), Британияи Кабир (2 073 511), Италия (1.964.054), Испания (1.830.110), Аргентина (1.547.138), Германия (1.534.116), Колумбия (1.518.067) ва Мексика (1.325.915) қарор доранд.
АКС аз бойгонӣ








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






