СУТ дар бораи он ки намуди нави COVID-19 ба раванди беморӣ шиддат мебахшад, ягон далел надорад

Декабрь 22, 2020 11:21

ДУШАНБЕ, 22.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ  (СУТ) оид ба он ки намуди нави COVID-19 раванди  бемориро  шиддат мебахшад, ҳеҷ далел надорад. Тавре  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти ахбори СММ хабар медиҳад, дар ин бора директори Барнома оид ба ҳолатҳои фавқулодаи СУТ Майкл Райан (ДАР АКС) дар брифинг зимни шарҳи вазъи вобаста ба штамми нав ибрози назар  кардааст.

«Дар айни замон ягон далеле дар бораи зиёд шудани вазнинӣ вобаста ба ин  беморӣ вуҷуд надорад», — изҳор дошт Майкл Райан.

Пештар маълум шуд, ки дар Британияи Кабир мутатсияи нави коронавируси SARS-CoV-2 ошкор шудааст.  19 декабр Шӯрои машваратии Британия оид ба таҳдиди вирусҳои роҳҳои нафаскашии нав ва пайдошаванда тасдиқ кард, ки варианти коронавируси дар кишвар ошкоршуда бо суръати бештар паҳн мешавад ва аз аҳолӣ эҳтиёткории бештар талаб намуд.

Паҳншавии босуръати штамми нави коронавирус боиси ворид намудани маҳдудият (локдаун) дар Лондон ва ҷанубу шарқи Англия гардид. Шӯрои илмӣ, ки ба мақомоти Британия маслиҳат медиҳад, «бо саҳми муайяни итминон» иброз медорад, ки штамми нав назар ба штаммҳои пешина аз одам ба одам осонтар интиқол меёбад, менависад “Би-би-си”.

Гарчанде ки варианти нави вирус, тибқи арзёбиҳои пешакӣ, метавонад нисбат ба варианти маъмулӣ 70% бештар сироятнок бошад, то ҳол дар бораи бештар хатарнок будани он аз ҷиҳати маргу мир ва  ё бистарӣ шудан дар беморхонаҳо чизе гуфтан маҳол аст.

Вазорати тандурустии Африқои Ҷанубӣ низ қаблан хабар дода буд, ки генетикҳо мутатсияи нави коронавирусро дар ин кишвар бо номи 501.V2 муайян кардаанд.

АКС аз бойгонӣ

Декабрь 22, 2020 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон