СУТ дар бораи он ки намуди нави COVID-19 ба раванди беморӣ шиддат мебахшад, ягон далел надорад
ДУШАНБЕ, 22.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) оид ба он ки намуди нави COVID-19 раванди бемориро шиддат мебахшад, ҳеҷ далел надорад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти ахбори СММ хабар медиҳад, дар ин бора директори Барнома оид ба ҳолатҳои фавқулодаи СУТ Майкл Райан (ДАР АКС) дар брифинг зимни шарҳи вазъи вобаста ба штамми нав ибрози назар кардааст.
«Дар айни замон ягон далеле дар бораи зиёд шудани вазнинӣ вобаста ба ин беморӣ вуҷуд надорад», — изҳор дошт Майкл Райан.
Пештар маълум шуд, ки дар Британияи Кабир мутатсияи нави коронавируси SARS-CoV-2 ошкор шудааст. 19 декабр Шӯрои машваратии Британия оид ба таҳдиди вирусҳои роҳҳои нафаскашии нав ва пайдошаванда тасдиқ кард, ки варианти коронавируси дар кишвар ошкоршуда бо суръати бештар паҳн мешавад ва аз аҳолӣ эҳтиёткории бештар талаб намуд.
Паҳншавии босуръати штамми нави коронавирус боиси ворид намудани маҳдудият (локдаун) дар Лондон ва ҷанубу шарқи Англия гардид. Шӯрои илмӣ, ки ба мақомоти Британия маслиҳат медиҳад, «бо саҳми муайяни итминон» иброз медорад, ки штамми нав назар ба штаммҳои пешина аз одам ба одам осонтар интиқол меёбад, менависад “Би-би-си”.
Гарчанде ки варианти нави вирус, тибқи арзёбиҳои пешакӣ, метавонад нисбат ба варианти маъмулӣ 70% бештар сироятнок бошад, то ҳол дар бораи бештар хатарнок будани он аз ҷиҳати маргу мир ва ё бистарӣ шудан дар беморхонаҳо чизе гуфтан маҳол аст.
Вазорати тандурустии Африқои Ҷанубӣ низ қаблан хабар дода буд, ки генетикҳо мутатсияи нави коронавирусро дар ин кишвар бо номи 501.V2 муайян кардаанд.
АКС аз бойгонӣ








35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»






