ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, шанбе, 354-умин рӯзи соли 2020 аст

Декабрь 19, 2020 08:00

19 декабри соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва дар ҷаласаи навбатии Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё иштирок намуданд.

***

6 сол пеш аз ин, 19 декабри соли 2014 дар ноҳияи Данғара бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони бузургтарин маҷмааи коргоҳҳои нассоҷӣ дар Осиёи Марказӣ оғоз бахшида шуд, ки дар марҳилаи аввали он беш аз 52 000 тонна нахи пахта мавриди коркарди саноатӣ қарор мегирад.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Душанбе-2017 иштирок намуданд.

 19 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Рӯзи байналмилалии кумак ба камбизоатон.

***

Дар Украина- Рўзи адвокатура.

РӮЙДОДҲО:

19 декабри соли 2009 дар шаҳри Душанбе семинари «Воситаҳои ахбори омма ва ҳуқуқи иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва идоракунии давлатӣ» баргузор гардид.

***

19 декабри соли 2010 дар шаҳри Душанбе рӯнамоии лоиҳаи нави «Ҳифзи фарҳанги мусиқии анъанавӣ ба воситаи иштироки ҷомеаи маҳаллӣ» доир шуд.

***

Дар ин рўзи соли 2014 дар шаҳри Душанбе дар мавзўи «ВАО-и русзабон дар шароити ҷомеаи иттилоотии Тоҷикистон» конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

***

111 сол муқаддам, 19 декабри соли 1909 клуби футболи «Боруссия» таъсис дода шуд.

***

19 декабри соли 1991 охирин маротиба ордени Ситораи Сурх супорида шуд.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2016 калонтарин ҳавопаймои вақти ТоҷикистонBoeing 767300  ба парвоз шурӯъ намуд.

***

Соли 1866 аввалин маротиба дар Россия Агентии телеграфии русӣ таъсис дода шуд.

Декабрь 19, 2020 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш