ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, якшанбе, 355-умин рӯзи соли 2020 аст
20 декабри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия сафар карданд.
***
11 сол пеш, 20 декабри соли 2009 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон дар мулоқоти ғайрирасмии сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил масоили вобаста ба вазъи вақти минтақаи Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2010 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар «Кохи Ваҳдат»-и пойтахт бо намояндагони сершумори варзишгарони мамлакат мулоқот намуданд.
20 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи байналмилалии ҳамбастагии одамон.
***
Дар Панама – Рӯзи мотам.
***
Дар Россия, Арманистон, Беларус ва Қирғизистон – Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ.
РӮЙДОДҲО:
20 декабри соли 2018 Маҷмаи Умумии СММ зимни иҷлосияи 73-юми худ лоиҳаи қатънома таҳти унвони «Шарҳи миёнамуҳлати бисёрҷанбаи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» -ро, ки аз ҷониби Тоҷикистон бо ҳаммуаллифии 190 кишвари аъзои СММ пешниҳод шуда буд, якдилона қабул намуд.
***
20 декабри соли 2016 Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон даҳгонаи беҳтарини варзишгарони Тоҷикистон дар соли 2017-ро эълон намуд. Чемпиони ҷаҳон оид ба самбо Беҳрӯз Хоҷазода варзишгари беҳтарин ҳисобида шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2017 дар шаҳри ал-Кувайти Давлати Кувайт Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Кувайт оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва техникӣ баргузор гардид.
***
46 сол муқаддам, 20 декабри соли 1974 Эфиопия кишвари сотсиалистӣ эълон шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 1993 Раёсати Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон таъсис ёфт.
***
20 декабри соли 1879 Томас Эдисон аввалин маротиба кори лампаи сӯзишвориро нишон дод.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ:
Соли 2012 дар Душанбе бахшида ба «Соли варзиш ва тарзи солими зиндагӣ дар фазои ИДМ» намоишгоҳи суратҳо баргузор гардид.
***
Соли 2017 дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи «Истеҳсоли Чин — Тоҷикистон 2017» доир шуд.