Тарбиятгирандагони Мактаб-интернати Сангвор бо либосҳои зимистона таъмин гаштанд
ДУШАНБЕ, 29.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Соли нави мелодӣ ба Мактаб — интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар ноҳияи Сангвор кумак расонида шуд. Ба тарбиятгирандагони он либосҳои гарм ва пойафзолҳои зимистона, ҳамчунин маводи ғизоӣ ва туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуданд. Ҳамчунин барои хонандагони мактаб-интернат дастархони идона ороста шуд.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ин кумак ба мактаб-интернат аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоб, Вазорати маориф ва илм расонида шуд.
Раиси ноҳияи Сангвор Маҳмадшоҳ Давлатзода тарбиятгирандагони мактаб-интернатро аз номи Ҳукумати ҷумҳурӣ бо Соли нави мелодӣ табрик намуда, зикр кард, ки ятимону бепарасторон ҳамеша таҳти ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дастгирии онҳо яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати мамлакат мебошад.
Номбурда ҷавобан ба ғамхориҳои давлату ҳукумат тарбиятгирандагони мактаб-интернатро ба хониши аъло ва аз бар кардани дастовардҳои муосири илму техника ҳидоят намуд.
Бояд гуфт, ки дар мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар ноҳияи Сангвор зиёда аз 160 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Сол аз сол вазъи таъминоти мактаб – интернат беҳтар мегардад. Дар ин муассисаи таълимӣ асосан ятимону бепарасторон, кӯдакон аз оилаҳои камбизоат, ҳамчунин хонандагоне, ки дар ҷойи зисташон мактаб надоранд, фаро гирифта шудаанд. Таълимгоҳ бо хобгоҳҳои алоҳида барои духтарон ва писарон, ҳуҷраву толорҳои ободу зебо ва бо ашёву лавозимоти лозима таъмин мебошад.








Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд






