«Ватан, ҳар гӯшаатро сабз хоҳем кард», — шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон

Декабрь 10, 2020 14:45

 ДУШАНБЕ, 10.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи равон матбуоти даврии Тоҷикистон рӯйдодҳои ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат ва ҷаҳонро дар саҳифаҳои худ инъикос намудаанд.

Аз ҷумла, нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» дар шумораи № 236, чоршанбе- 9 декабри соли равон доир ба Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, даъвати шашум гузориш ба нашр расонидааст. Ҳамзамон  нашрияи «Ҷумҳурият» роҷеъ ба ҷараёни баргузории даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»,  ки 8 декабр  оғоз гардид, мақола чоп намудааст. Бояд гуфт, ки мақсади озмуни мазкур баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти  ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии мамлакат, аз ҷумла тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун доир мегардад.

Дар шумораи № 233-и «Ҷумҳурият», ҷумъа – 4 декабр бо номи «Ситруспарварӣ. Тавсеаи соҳа тақозои замон аст» мақолаи узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон С. Гулов, академики Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Т. Аҳмедов ба нашр расидааст. Аз ҷумла, дар мақолаи мазкур зикр шудааст, ки «бахши ситруспарварӣ метавонад истеҳсолоти кишоварзии ҷумҳуриро ба пояи сифатан баланд расонад. Аз ҷониби дигар рушди ситруспарварӣ, хусусан парвариши лимӯ, иқтидори содиротии мамлакатро ба таври назаррас тақвият хоҳад бахшид. Мувофиқи пажӯҳишҳои иқтисодӣ, парвариши лимӯ нисбат ба парвариши дигар намуди меваҳо даромади зиёд дорад».

«Садои мардум» — нашрияи  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шумораи рӯзи сешанбе, 8 декабри соли 2020, №147 (4253) дар радифи хабару гузоришҳо  маводеро таҳти  сарлавҳаи «Чӣ тавр метавон ба саноатикунони босуръати кишвар ноил шуд?», «Ҳизбҳои сиёсӣ ва идеологияи ҳизбӣ дар мамлакат» нашр намудааст. Ҳамзамон дар ин шумора Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интишор шудаанд.

Дар шумораи №146-и  нашрияи «Садои мардум» суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД  бо номи  «Барои муқовимат ба таҳдидҳои афзоянда таҳкими иқтидори СААД зарур аст», ҳамзамон мақолаҳои «Иштироки Раиси Маҷлиси миллӣ ва ҷаласаҳои шӯрои АБ ИДМ ва АБ СААД» ва «Муҳлати бақайдгирии давлатии иваз намудани ному насаб кам мешавад» ба нашр расидаанд, ки хонандагони нашрия имкон доранд онро мутолиа намоянд.

«Минбари халқ» — нашрияи марказии Ҳизби  Халқии Демократии Тоҷикистон /ХХДТ/  дар шумораи 9 декабри соли 2020, чоршанбе, №50 (1291) дар радифи чопи хабару гузоришҳо аз ҳаёти ҳизбӣ, ҳамчунин доир ба муносибати рӯзи таъсиси Ҳизби  Халқии Демократии Тоҷикистон номаҳои табрикотии ҳизбҳои сиёсии кишварҳои хориҷӣ, пайғомҳои шодбошии ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон ва андешаҳои собиқадорони ҳизб ва шахсиятҳои шинохтаи мамлакатро ба нашр расонидааст.

Инчунин дар ин рӯзнома ба муносибати рӯзи таъсиси ҳизб паёми шодбошии  Раиси  Ҳизби  Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба нашр расидааст. Аз ҷумла, гуфта шудааст, ки «ҲХДТ ҳамчун  зодаи даврони истиқлоли кишвар бо мақсади ифодаи азму иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон  таъсис ёфта, маҳз бо рисолати мардумсолорӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва тарғибу ғояҳои бузурги ватандӯстиву худшиносӣ дар ҷомеа мавқеи сазовори худро пайдо намуд».

Ҳамзамон ҳайати эҷодии нашрияи  марказии ҲХДТ дар шумораи мазкур мақолаҳоро таҳти унвони «Ватан, ҳар гӯшаатро сабз хоҳем кард», «Донишгоҳи мо меваи истиқлолият аст», «Рӯзи байналмилалии маъюбон»  ва дигар хабару гузоришҳоро ҷой  додаанд.

Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»

 

Декабрь 10, 2020 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Фоизҳо барои амалиёти пулӣ тариқи замима камтар шуданд
Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ғолиби Суперҷоми Тоҷикистон-2024 оид ба футзал гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ. Ба афсарону сарбозони ноҳияи Дарвоз барои хизмати намунавӣ туҳфаҳои варзишӣ тақдим шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияҳо аввалин будем: алоқаи мобилӣ дар кӯҳҳо чӣ тавр пайдо мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
«ДУШАНБЕ-ПОЙТАХТИ ТОҶИКОН ВА ШАҲРИ СУЛҲ». Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Дар вилояти Суғд беш аз 1600 хоҷагӣ нақшаи истеҳсоли пахтаро иҷро намудааст