«ЯК ДАРАХТ САБЗОНДАН МИСЛИ БА ВОЯ РАСОНИДАНИ ЯК ФАРЗАНДИ СОЛИМ АСТ». Пешниҳоди Раиси шаҳри Душанбе ба ташаббуси умумимиллӣ табдил гардидааст

Декабрь 17, 2020 16:33

ДУШАНБЕ, 17.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалии молиявӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз», яъне, неруи аз ҷиҳати экологӣ тоза ба қатори шаш давлати пешсафи сайёра шомил гардидааст. Имрӯз истеҳсоли ин намуди энергия дар мамлакати мо 98 дарсадро ташкил медиҳад. Давлатҳои пешқадами дунё, ки ба дастовардҳои бузурги иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ноил гаштанд, пеш аз ҳама, кӯшиш доранд, ки сатҳи фарҳанги экологии аҳолӣ баланд шавад. Бешубҳа, иқдоми «Шаҳри сабз»-и Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сабаби афзоиш ёфтани шавқи наврасону ҷавонон ва умуман аҳолӣ ба иттилоот ва донишҳои экологӣ хоҳад гардид. Чунин изҳор дошт мудири шуъбаи назорати дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Насимҷон КАРИМЗОДА дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Фирӯза ДАВЛАТЗОДА.

-Имрӯз ҷаҳони муосир кӯшиш дорад, ки экологияи сайёраи мо ҳифз гардад ва ихроҷи гази карбон коҳиш дода шавад, чунки маҳз муҳити тоза ва сарсабзи зист  яке аз ченакҳои сатҳи зиндагии инсон ба ҳисоб меравад, — гуфт номбурда дар идомаи суҳбат. —  Агар муҳити зисти инсон аз ҷиҳати экологӣ баландсифату тоза бошад, он ба саломатии инсон таъсири мусбат мерасонад ва ба истеҳсоли сармояи баландсифати инсонӣ асос мегузорад. Чуноне ки ба ҳамагон маълум аст, маҳз дарахтони сарсабз ва наботот табиатро бо оксиген таъмин мекунанд. Қисми зиёди гази карбонро, ки аз фаъолияти технологӣ ва физиологии инсон ба ҳаво содир мешавад, маҳз дарахтон ва наботот полоиш (филтр) ва тоза менамоянд.

Барои худ, барои ояндаи ворисони халқамон, барои муҳити зистамон, барои шаҳри дилороямон бо нигоҳи нав ва ихлосу эҳтироми бузург ба даъвати неку самараовари Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати табдил додани пойтахти Ватанамон — шаҳри Душанбе ба шаҳри сабз ҳамдилу ҳамроҳу ҳамоҳанг шуда, дар шаҳри азизи худ бояд зиндагии сарсабз дошта бошем.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 23 сентябри соли 2020 аз тамоми сокинони шаҳри Душанбе даъват ба амал оварданд, ки барои ба «Шаҳри сабз» табдил додани пойтахти Ватанамон саҳм гузоранд. Аз ҷониби муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод гардид, ки «ҳамчун нишони ҳамрайъӣ ҳар оилаи сокини пойтахт дар мавсими ниҳолшинонӣ дар назди манзили зисташон як дарахти ҳамешасабз шинонда, онро парвариш намоянд».

Иқдоми «Шаҳри сабз»  ба ташаббуси умумимиллӣ мубаддал гардида, ҳар  шаҳрванди ватандори тоҷик дар он ширкат намуда истодааст. Зеро  муҳити тозаи экологии шаҳри Душанбе кафили саломатии сокинону меҳмонони шаҳри мо мебошад.

Давоми роҳбарии худ муҳтарам Рустами Эмомалӣ Душанберо ба  шаҳри замонавии ҳамешабаҳор мубаддал намуда, заминаҳои ба «Шаҳри сабз» табдил додани пойтахти мамлакатамонро гузоштанд. Иқдоми «Шаҳри сабз» ин, пеш аз ҳама, ба баланд бардоштани  фарҳанги экологии ҳар шаҳрванди Душанбе марбут буда, аз тарафи дигар, ба баландшавии сатҳи донишҳои экологии ҷавонон, баланд шудани завқи эстетикӣ ё зебоипарастии ҳар сокини пойтахт заминаи воқеӣ мегузорад.

Солҳои охир сокинони шаҳри Душанбе дар ободкории пойтахтамон хеле фаъолона иштирок мекунанд ва ин иқдоми Раиси шаҳри Душанберо самимона дастгирӣ менамоянд. Онҳо на танҳо бо шинондани дарахтҳо, балки шинондани гулу буттаҳои декоративӣ дар заминҳои назди манзилашон саҳми худро барои ба «Шаҳри сабз» мубаддал гардонидани  Душанбе мегузоранд.

Бояд тазаккур дод, ки иқдоми «Шаҳри сабз» бо сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти Тоҷикистон оид ба истеҳсоли «энергияи сабз» иртиботи мантиқӣ дорад ва он дар навбати худ асоси сиёсати экологии давлати моро ташкил медиҳад.

Тавре дар урфият мегӯянд, «сабзондани як дарахт мисли ба воя    расонидани  як фарзанди солим аст».

Декабрь 17, 2020 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Парвариши ниҳоли мевадиҳанда ва ороишӣ ба мавқеи ҷуғрофӣ вобаста аст
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳи мошингарди Шоҳамбарии шаҳри Ҳисор беш аз 3000 бех дарахти арча шинонида мешавад
ДАРАХТ БИНШОН! Дар талу теппаҳои шоҳроҳи Душанбе- Ваҳдат беш аз 42 ҳазор бех ниҳол шинонида мешавад
Дар Тоҷикистон ниҳолшинонӣ дар се марҳила гузаронида мешавад
Имрӯз иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир гардид
ДАРАХТ БИНШОН. Дар кӯчаи Деҳотии шаҳри Душанбе беш аз 500 бех ниҳоли ороишии санавбар шинонида шуд
ДУШАНБЕ-ШАҲРИ САБЗ. Дар пойтахт зиёда аз 12 миллион дона гулҳои мавсимию бисёрсола шинонида мешаванд
Бо иштироки 2500 нафар кӯдакон дар Душанбе барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шаҳри Душанбе зиёда аз 214 ҳазор бех дарахтони ороишию сояафкан шинонида мешаванд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ беш аз 30 ҳазор бех ниҳоли сояафкану ҳамешасабз шинонида мешавад
Дар хоҷагии ҷангали ноҳияи Ховалинг тақрибан 10 ҳазор бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал оғоз гардид