Як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагон бо ордену медалҳои ИДМ мукофотонида шуданд
ДУШАНБЕ, 23.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ба муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадалӣ Ватанзода, муовинони Раиси ин мақоми олии қонунбарор- Дилрабо Мансурӣ ва Қодири Қосим, раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Абдураҳим Холиқзода, Эмомалӣ Насриддинзода, Рустам Латифзода, Насиба Содиқӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон Ҳаёт Одиназода, Мирзоанвар Ахмедов, Ҷамшед Муртазозода, Мавлуда Мирзозода, Гулбаҳор Назирӣ, Зайниддин Сафаров, Равшан Раҷабзода, Мавзуна Шамсуддинзода, Гулбаҳор Ашурзода, Абдуҳалим Ғаффорзода, Сайҷаъфар Усмонзода ва Рустам Раҳматзода ордену медалҳои ҷашнии «Иттиҳод», «Нишони фахрӣ» ва «Ифтихорнома»-и Ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар маросими тантанавӣ тақдим намуд.
Ёдовар мешавем, ки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид, ҳамзамон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Протоколи дуюм оид ба ворид намудани тағйирот ба Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 15 майи соли 1992, Протоколи дуюм оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома дар бораи вазъи ҳуқуқии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 7 октябри соли 2002, Протоколи дуюм оид ба ворид намудани тағйирот ба Оинномаи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 7 октябри соли 2002, Протоколи сеюм оид ба ворид намудани тағйирот ба Оинномаи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 7 октябри соли 2002, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияро ба вакилони мардумӣ муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлодод Абдулқодир, муовини якуми Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода, директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳин Саидзода, вакилони Маҷлиси намояндагон Мансур Усмонов, Толибхон Азимзода, Гулбаҳор Ашурзода, Файзулло Наҷмиддиниён, Ғиёсиддин Шарифзода муаррифӣ намуда, роҷеъ ба тағйироту иловаҳои воридгардида ба лоиҳаи қонунҳо ибрози назар намуданд.
Ҳамин тариқ, дар иҷлосия аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.








Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид






