Як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагон бо ордену медалҳои ИДМ мукофотонида шуданд

Декабрь 23, 2020 14:20

ДУШАНБЕ, 23.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ба муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадалӣ Ватанзода, муовинони Раиси ин мақоми олии қонунбарор- Дилрабо Мансурӣ ва Қодири Қосим, раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Абдураҳим Холиқзода, Эмомалӣ Насриддинзода, Рустам Латифзода, Насиба Содиқӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон Ҳаёт Одиназода, Мирзоанвар Ахмедов, Ҷамшед Муртазозода, Мавлуда Мирзозода, Гулбаҳор Назирӣ, Зайниддин Сафаров, Равшан Раҷабзода, Мавзуна Шамсуддинзода, Гулбаҳор Ашурзода, Абдуҳалим Ғаффорзода, Сайҷаъфар Усмонзода ва Рустам Раҳматзода ордену медалҳои ҷашнии «Иттиҳод», «Нишони фахрӣ» ва «Ифтихорнома»-и Ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар маросими тантанавӣ тақдим намуд.

Ёдовар мешавем, ки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид, ҳамзамон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Протоколи дуюм оид ба ворид намудани тағйирот ба Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 15 майи соли 1992,  Протоколи дуюм оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома дар бораи вазъи ҳуқуқии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 7 октябри соли 2002,  Протоколи дуюм оид ба ворид намудани тағйирот ба Оинномаи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 7 октябри соли 2002,  Протоколи сеюм оид ба ворид намудани тағйирот ба Оинномаи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 7 октябри соли 2002, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ»,  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияро ба вакилони мардумӣ муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлодод Абдулқодир, муовини якуми Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода, директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳин Саидзода, вакилони Маҷлиси намояндагон Мансур Усмонов,  Толибхон Азимзода, Гулбаҳор Ашурзода,  Файзулло Наҷмиддиниён,  Ғиёсиддин Шарифзода муаррифӣ намуда, роҷеъ ба тағйироту иловаҳои воридгардида ба лоиҳаи қонунҳо ибрози назар намуданд.

Ҳамин тариқ, дар иҷлосия аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Декабрь 23, 2020 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Таҳти раёсати Раиси Комиссияи давлатии татбиқи ислоҳоти рақамӣ Рустами Эмомалӣ ҷаласа баргузор гардид
Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ созишномаҳои нав ба тасвиб расиданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Палатаи вакилони Парламенти Люксембург мулоқот намуд
Файзалӣ Идизода дар Шуро ва ҷаласаи 61-уми пленарии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Дар Брюссел ҷаласаи XIII Кумитаи ҳамкории парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо доир шуд
Файзалӣ Идизода дар мулоқоти Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо роҳбарони ҳайатҳои парлумонии кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 18,4 миллиард сомонӣ зиёд гардид
Ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар ҷаласаи 61-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ иштирок менамояд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид