ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ. Оғози ҷанг дар Афғонистон
ДУШАНБЕ, 25.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. 25 декабри соли 1979 дар қаламрави Ҷумҳурии Демократии Афғонистон низои ҳарбӣ оғоз ёфт. Дар зеҳни ҷомеаи шӯравӣ ва пасошӯравӣ, он бо номи «Ҷанги Афғонистон», давраи ҳузури неруҳои шӯравӣ дар Ҷумҳурии Демократии Афғонистон ва ширкати онҳо дар амалиётҳои ҷангӣ алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳи муҷоҳидин аз соли 1979 то 1989 нақш баст.
Амалан, буҳрони дохилии сиёсии Афғонистон соли 1973 оғоз ёфт ва соли 1978 вориди марҳилаи шадид гардид. Баъзе рӯзноманигорони ғарбӣ «Ҷанги Афғонистон»-ро «Ҷанги Ветнами Шӯравӣ» ва «Қапқони хирс» ном гузоштанд.
Ин чӣ тавр сурат гирифт
Субҳи 25 декабри соли 1979 баталони 4-уми бригадаи 56-уми десантӣ — ҳамлакунандаи Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС аз тариқи пули понтонӣ аз болои дарёи сарҳадии Ому убур намуд ва муваззаф шуда буд, ки ағбаи баландкӯҳи Солангро дар масири роҳи Тирмиз-Кобул ишғол ва ҳаракати бемамониати неруҳои шӯравиро таъмин намояд. Соати 19:10 гурӯҳи десантии шӯравӣ тавассути автомашина ба палконаи (люки) маркази тақсимотии коммуникатсияи зеризаминӣ наздик шуд ва дар болои он «аз кор монд». То вақте ки посбони афғон ба онҳо наздик шуд, мина ба палкона фуроварда шуд, пас аз панҷ дақиқа таркиш ба амал омад ва иртиботи телефониро дар Кобул қатъ кард.
Соати 19:30 ба вақти маҳаллӣ ҳамла ба қароргоҳи Ҳафизулло Амин оғоз ёфт. Понздаҳ дақиқа қабл аз оғози ҳамла, яке аз гурӯҳҳои ба истилоҳ «баталиони мусалмонон», ҳангоми убур аз маҳалли ҷойгиршавии баталиони сеюми муҳофизатии афғонҳо мутаваҷҷеҳ шуд, ки дар баталион бонги хатар эълон шудааст — фармондеҳ ва муовинонаш дар маркази майдон истода буданд ва ҳайати шахсӣ силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ мегиранд. Автомашинаи ҳомили кашшофони “баталиони мусалмонон” дар назди афсарони афғон таваққуф кард ва онҳо дастгир намуданд, аммо сарбозони афғон автомашинаро таъқиб ва тирборон карданд. Кашшофони “батальони мусалмонон” ба замин дароз кашиданд ва ба сӯи сарбозони муҳофизи ҳамлакунанда оташи ҷавобӣ кушоданд. Талафоти афғонҳо беш аз дусад нафар буд. Дар ҳамин ҳол нишонзанҳо сарбозонеро, ки танкҳои ба замин хобонидашудаи назди қасрро посбонӣ мекарданд, маҳв карданд.
Муҳориба дар қаср 43 дақиқа давом кард. Аз гурӯҳҳои «Зенит» ва «Гром» чаҳор нафар ва аз “баталиони мусалмонон” ва десантчиён 14 нафар ҳалок шуданд. Воқеан, аксари онҳо бар асари нофаҳмӣ ҳалок шуданд: дивизияи 103, ки ба кумак омада буд, вазъро нафаҳмида, ба сӯи худиҳо оташ кушод.
Вақте ба генерал Дроздов тавассути мухобираи радиоӣ гузориш доданд, ки: «Нафари якум тамом шуд», кор хатм шуд. Сипас ду мошини худрави ЗСУ-23-4 «Шилка» -и баталиони мусалмонон” ба сӯи қаср ва ду тои дигар ба макони ҷойгиршавии баталиони муҳофизатии танки афғонҳо бо мақсади пешгирӣ аз наздик шудани ҳайати шахсӣ ба танкҳои худ, оташ кушоданд. Гурӯҳи АГС-17 -и “баталиони мусалмонон” ба сӯи баталиони дуввуми муҳофизатӣ оташ кушод, то нагузорад, ки ҳайати шахсӣ аз казарма берун шавад. Бо чор мошини зиреҳпӯш нерӯҳои махсуси КДБ ба сӯи қаср ҳаракат карданд. Як мошинро посбонони Амин аз пой дароварданд. Воҳидҳои “баталиони мусалмонон» ҳалқаи хориҷии муҳфизатиро таъмин мекарданд. Ҳамлагарон ба қаср даромада, ошёна ба ошёнаро «тоза» карданд, дар дохили қаср норинҷакҳои дастӣ ва аҳёнан автоматҳоро истифода мекарданд. Гарчанде ки қисми зиёди сарбозони бригадаи муҳофиз таслим шуданд (дар маҷмӯъ тақрибан 1700 нафар асир гирифта шуд), баъзе қисмҳои бригада муқовиматро идома медоданд. Аз ҷумла, “баталиони мусалмонон» як рӯзи дигар бо боқимондаҳои баталиони сеюми бригада ҷанг кард, пас аз он афғонҳо ба кӯҳҳо паноҳ бурданд.
Ҳамзамон бо ҳамла ба Қасри Тоҷбек гурӯҳҳои таъиноти махсуси КДБ бо дастгирии десантчиёни полки 345 парашютчӣ, инчунин дивизияи десантии 103-юм ситоди генералии артиши Афғонистон, маркази алоқа, биноҳои ХАД ва Вазорати корҳои дохилӣ, радио ва телевизионро ишғол намуданд. Қисмҳои низомии афғонӣ, ки дар Кобул мустақар буданд, муҳосира шуда буданд (дар баъзе ҷойҳо муқовимати мусаллаҳонаи онҳоро пахш кардан лозим омад). Шаби 27 ба 28 декабр раҳбари нави Афғонистон Бабрак Кормал аз Багром ба Кобул омад ва ӯро афсарони КДБ ва десантчиён муҳофизат мекарданд.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»