Замин ва Офтоб дар соли нав наздиктар мешаванд
ДУШАНБЕ, 30.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Масофа байни Замин ва Офтоб 2 январи соли 2021 ба ҳадди камтарини худ хоҳад расид, менависад Sputnik бо истинод ба хадамоти матбуоти Планетарияи Москва. Зикр шудааст, ки аз сайёраи мо Офтоб ба маротиб ба назар калонтар хоҳад намуд.
Ин бо сабаби то 3% калон шудани қурси Офтоб рӯй медиҳад. Чунин нишондиҳанда ҳадди баландтарин ҳисобида мешавад.
«Рӯзи шанбе, 2 январ, Замин ба масофаи наздиктарин бо Офтоб мерасад ва ин имкон медиҳад, ки қурси калонтарини Офтобро дар соли 2021 мушоҳида кунем», — зикр карданд дар планетария.
Онҳо таъкид карданд, ки дар яке аз рӯзҳои аввали соли нав масофа байни Замин ва Офтоб 147 миллион километр хоҳад буд.
Дар ин ҳол, сайёра ба нуқтаи наздиктарини мадори худ бо Офтоб ворид мешавад, ки онро перигели меноманд. Замин ба ин нуқта соле танҳо як маротиба мерасад.
Дар айни ҳол, нуқтаи дурдастро, ки афели ном дорад, сайёра дар аввали моҳи июл убур мекунад. Дар ин ҳангом, масофа байни Замин ва Офтоб беш аз 152 миллион километрро ташкил медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки як даври комили сайёраи мо дар атрофи Офтоб 365 рӯзу 6 соату 9 дақиқа ва 10 сонияро ташкил медиҳад. Суръати Замин, ки дар атрофи Офтоб дар мадори эллиптикӣ ҳаракат мекунад, дар як сония 29,765 километрро ташкил медиҳад.








Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид






