Ӯзбекистон бо сабаби хуруҷи штамми нави коронавирус иртиботи ҳавоиро бо Британия ва чанд кишвари Иттиҳоди Аврупо мебандад

Декабрь 23, 2020 13:17

ДУШАНБЕ, 23.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ӯзбекистон аз 21 декабри соли 2020 то 10 январи соли 2021 иртиботи ҳавоӣ (парвозҳои воридотӣ, содиротӣ ва транзитӣ) -ро бо Британия, Италия, Германия, Дания, Австрия, Австралия, Ҳолланд ва Африқои Ҷанубӣ  мебандад. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», Podrobno.uz дар ин бора бо истинод ба қарори Комиссияи махсуси ҷумҳуриявӣ хабар додааст.

Ин тасмим бо сабаби шиддати босуръати вазъи эпидемиологӣ дар ҷаҳон ва инчунин пешгирии пайдоиши манбаъҳои нави сирояти коронавирус дар кишвар қабул шудааст.

Шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки тавассути кишварҳои сеюм ба Ӯзбекистон меоянд ва дар тӯли 14 рӯзи охир дар Британияи Кабир, Италия, Германия, Дания, Австрия, Австралия, Ҳолланд ва Африқои Ҷанубӣ будаанд, бояд карантини ҳатмии 14-рӯзаро дар меҳмонхона гузаранд.

Илова бар ин, шаҳрвандони кишварҳои зикршуда, шахсони бешаҳрвандӣ, ки доимо дар ин давлатҳо зиндагӣ мекунанд ва шаҳрвандони кишвари сеюм, ки дар ин давлатҳо истиқомат мекунанд ё давоми 14 рӯзи охир дар онҷо будаанд, зери таъсири ин маҳдудият қарор мегиранд ва ба онҳо иҷозат дода намешавад, ки дар тамоми ин муддат ба Ӯзбекистон ворид шаванд.

Маҳдудият тадриҷан ҳангоми ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ дар ин кишварҳо бардошта хоҳад шуд.

                                                           АКС аз бойгонӣ

Декабрь 23, 2020 13:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд