31 январ дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи А.Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷашни Сада баргузор мешавад

Январь 27, 2021 09:40

ДУШАНБЕ, 27.01.2021 /АМИТ «Ховар»/.  31 январ  дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи А.Фирдавсии шаҳри Душанбе бо ибтикори Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷашни Сада  бо намоиши ниҳолҳою тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад. Ҳамчунин дар саҳни боғи мазкур рамзи ҷашни Сада- оташи калон афрӯхта мешавад.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати кишоварзӣ  ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ҷашни мазкур кишоварзони тамоми шаҳру навоҳии  мамлакат олоти кории кишоварзӣ, навъҳои тухмии зироат ва техникаҳои соҳавӣ, хӯрокҳои миллӣ, ярмарка-фурӯши ниҳол, гулу буттаҳои ороишӣ ва дигар маҳсулотеро, ки ифодагари  ҷашни Сада мебошанд, ба намоиш  мегузоранд.

Зикр гардид, ки дар ҷашни имсола олимони соҳаи кишоварзӣ, тухмипарварони мамлакат ва боғпарварон навъҳои гуногуни зироати донагӣ ва ниҳолу буттаҳоро ба намоиш гузошта, ба деҳқонон  роҳу усули парвариши онро тавсия медиҳанд.

Бояд тазаккур дод, ки дар замони истиқлол ҷашни Сада баробари дигар маросиму суннатҳои миллии мо умри дубора пайдо карда, таҷлили ҳарсолаи он ба ҳукми анъана даромад ва дар  радифи ҷашнҳои миллиамон ба қонунгузории мамлакат ворид гардид. Мояи  ифтихори ҳар яки мост, ки ба шарофати соҳибистиқлолӣ анъанаву суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мардуми куҳанбунёди мо эҳё гардида, арҷгузорӣ ба онҳо сол ба сол бештар мешавад.

Тавре Пешвои миллат 26 январ зимни ироаи Паёми навбатӣ иброз доштанд, «тоҷикон яке аз миллатҳои қадимаи дунё ва дорои таърихи беш аз 6000-сола буда, ҳанӯз аз давраҳои бостонӣ соҳиби саводу қалам, девону дафтар, илмдӯсту адабпарвар, давлатсозу давлатдор, меъмору шаҳрсоз, шаҳрдору шаҳрнишин, яъне фарҳангиву тамаддунсоз ва ободкору созанда ба шумор мераванд. Мо ифтихор дорем, ки Тоҷикистон барҳақ, ватани Наврӯз, Сада, Тиргон ва Меҳргон аст. Ҳар кадоме аз ин ҷашнҳо таърихи беш аз шашҳазорсола дорад ва ин  мояи ифтихори мост».

Ин ҷашнҳо ёдгоре аз ниёгони ориёии мо буда, мардуми тоҷик онҳоро, аз ҷумла маросими Садаро ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири хотираи фарҳангии чандинҳазорсолаи худ ва ба сифати дурдонаи гаронбаҳои маънавӣ ҳифз намудааст.

Ёдовар мешавем, ки дар ҷашни мазкур барномаи фарҳангӣ  пешниҳоди меҳмонон ва сокинони пойтахт гардонида мешавад.

Январь 27, 2021 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад