Билл Гейтс ба ин назар аст, ки пандемияи оянда метавонад аз кунуниаш бадтар бошад
ДУШАНБЕ, 28.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Муассиси Майкрософт Билл Гейтс мӯътақид аст, ки ҷаҳон ба пандемияи эҳтимолии оянда омода нест ва ин вазъ метавонад танҳо пас аз ду сол тағйир ёбад. Вай ин андешаро зимни мусоҳиба бо рӯзномаи немисии Süddeutsche Zeitung изҳор доштааст.
«Мо ба пандемияи оянда омода нестем. Умедворам, ки дар тӯли ду сол вазъият дигар хоҳад шуд”, — зикр кардааст Гейтс. «Ваксинаҳо, озмоишҳои тестӣ, доруҳо, эпидемиология, мониторинг — боз корҳои зиёдеро анҷом додан мумкин аст», — чунин меҳисобад ӯ. Гейтс гуфтааст: «Ин пандемия даҳшатнок аст, аммо бемории оянда метавонад даҳҳо маротиба бадтар бошад». Вай иброз намуд, ки системаи логистикӣ дар «ҷаҳони сарватманд» ғайричашмдошт мураккабтар будааст.
Муассиси Майкрософт инчунин зикр кардааст, ки «косаи сабри одамон, бешубҳа, лабрез шудааст», хусусан онҳое, ки шароит надоранд, наметавонанд барои фарзандонашон шароити таҳсили онлайн фароҳам созанд. «Дар беҳтарин ҳолат, барои ба эътидол овардани ҳаёт як соли тӯлонӣ лозим аст», — гуфтааст ӯ.
ТАСС қайд мекунад, ки Билл Гейтс ва ҳамсари ӯ Мелинда бунёди хайриявиро сарварӣ мекунанд. Самтҳои асосии кори бунёд мубориза бо бемориҳои хатарнок дар кишварҳои рӯ ба инкишоф, татбиқи барномаҳо дар соҳаи тандурустӣ ва маориф дар ИМА мебошанд. Аз тариқи ин бунёд барои таҳияи ваксина алайҳи коронавируси навъи нав ва дастгирии қишрҳои камбизоати аҳолӣ, ки дар баробари пандемия осебпазиртаранд, садҳо миллион доллар ҷудо шудааст.
Ҷонибдорони назарияҳои конспирологӣ чунин мешуморанд, ки паҳншавии коронавирус амалиёти махсусест барои чипкунонии одамону пайгирии минбаъдаи онҳо ва гӯё роҳбари ин кор Гейтс аст.
АКС аз бойгонӣ








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






