Бо мустаҳкам намудани соҳилҳои дарёи Қаратоғ моҳипарварӣ ва агротуризм рушд менамоянд

Январь 25, 2021 13:40

ДУШАНБЕ, 25.01.2021 /АМИТ «Ховар/. Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва ҷалби Хоҷагии моҳипарварии «Парвиз» дар соҳили дарёи Қаратоғ, воқеъ дар деҳаи Маданият корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ босуръат ҷараён доранд.

Аз шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода иттилоъ дода шуд, ки дарозии хатти соҳилмустаҳкамкунӣ беш аз 1,5 км-ро ташкил медиҳад.

Корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ барои самаранок истифода бурдани беш аз 7 га заминҳои соҳили дарё шароит муҳайё месозанд. Тибқи нақша, парвариши моҳӣ дар Хоҷагии моҳипарварии «Парвиз» ду маротиба афзун гардида, инчунин дар ин макон мавзеъҳои сайёҳӣ ва шикори моҳӣ бунёд мегарданд, ки ба рушди агротуризм мусоидат менамоянд.

Январь 25, 2021 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад