Бозиҳо дар лигаи якуми футболи Тоҷикистон 22 апрел шуруъ мешаванд

Январь 17, 2021 08:44

ДУШАНБЕ, 17.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Кумита оид ба мусобиқоти Федератсияи футболи Тоҷикистон формулаи чемпионати кишварро байни дастаҳои лигаи якум барои соли равон тасдиқ кард.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, бо қарори Кумита, бозиҳо дар лигаи якуми Тоҷикистон дар мавсими соли 2021 дар ду давра  гузаронда мешаванд. Шумораи дақиқи дастаҳо аз рӯи натиҷаҳои расмиёти литсензия муайян  хоҳад гардид. Тахминан, мавсими нав дар лигаи якум 22 апрел оғоз меёбад.

Ду дастаи аввали лигаи якуми Тоҷикистон ҳуқуқи бозӣ дар лигаи олиро дар соли оянда  ба даст меоранд.

Бояд зикр кард, ки қарорҳои мазбури Кумита оид ба мусобиқоти ФФТ бояд дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон тасвиб ва тасдиқ карда шаванд.

                                      Акс аз  ФФТ

Январь 17, 2021 08:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд