Дар ҷаласаи машваратии ноҳияи Ишкошим натиҷаҳои соли 2020 баррасӣ шуданд

Январь 19, 2021 09:50

ДУШАНБЕ, 19.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар ноҳияи Ишкошим дар сатҳи зарурӣ баргузор гардида, ғолибони он дар даври вилоятию ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои намоён ва мукофоти пулӣ  шуданд. Бо мақсади ҷалби бештари довталабон имсол иштирокдорони даври ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявии озмунҳои «Тоҷикистон –Ватани азизи ман» ва «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» бо Ифтихорномаи раиси ноҳия ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ карда шуданд. Ин нуктаро муовини раиси ноҳияи Ишкошим Ашам Холдорзода зимни машварати васеи назди раиси ноҳия дар соли 2021 иброз намуд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим ба АМИТ “Ховар” хабар доданд.

Дар машварат, ки таҳти раёсати раиси ноҳияи Ишкошим Мусо Мирзозода гузашт, директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Саидзода  иштирок намуд.

Аз рӯи рӯзномаи машварат масъалаҳои зерин: фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим ва дигар идораву муассисаҳо дар соли 2020 ва супоришҳо барои соли 2021 ҷиҳати омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Ишкошим барои солҳои 2016-2020”, ҷамъбасти натиҷаҳои озмунҳои ҷумҳуриявии “Тоҷикистон –Ватани азизи ман” ва “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, иҷрои қарори раиси ноҳия “Дар бораи омодагӣ ба таъмини нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” баррасӣ гардиданд.

Муовини якуми раиси ноҳия Илол Некқадамзода оид ба фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим ва дигар идораву муассисаҳо дар соли 2020 ва супоришҳо барои соли 2021 ҷиҳати омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш манзур намуд.

Комиссари ҳарбии ноҳия, подполковник Алишер Гулбердизода вобаста ба омодагии ҳамаҷониба ба сафарбаркунии ҷавонони синни даъватии давраи баҳорӣ маълумот пешниҳод намуд.

Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Саидзода зикр кард, ки новобаста аз он ки Ишкошим яке аз ноҳияҳои дурдасти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ин гӯшаи кӯҳистони ватан низ дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳо сол аз сол рушд карда, сатҳу сифати зиндагии сокинони он беҳбудӣ меёбад.

Раиси ноҳияи Ишкошим Мусо Мирзозода ба роҳбарони идораву муассисаҳо ҷиҳати иҷрои содиқонаву софдилонаи вазифаҳояшон  изҳори сипос намуда, масъулини сохторҳоро барои иҷрои саривақтии дастуру супоришҳо муваззаф намуд.

Январь 19, 2021 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Академияи миллии илмҳо бахшида ба 90 – солагии профессор Муқаддима Ашрафӣ конференсия баргузор шуд
Имрӯз дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Намояндагони парлумонҳои Туркия, Узбекистон ва Озарбойҷон дар Осорхонаи миллӣ бо шоҳкориҳои нодири ниёгонамон шинос шуданд
Рӯзи ҷавонон на танҳо ҷашн, балки рӯзи умеду орзуҳо ва масъулияти насли ояндасози Тоҷикистон аст
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Турсунзода бо сарбозони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Наврасону ҷавонони ноҳияи Мурғоб дар ҳашари экологии «Соҳили тоза-2026» иштирок намуданд
«МегаФон Тоҷикистон»: Касбу кор аз хазина оғоз меёбад
Хайриддин Усмонзода бо роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд