Дар асоси сенарияи Аниса Собирӣ, ғолиби озмуни Мактаби филмҳои Лондон нахустин филми Тоҷикистон — Британия наворбардорӣ хоҳад шуд

Январь 21, 2021 13:07

ДУШАНБЕ, 21.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Коргардони ҷавони тоҷик Аниса Собирӣ сазовори ҷоизаи «Сенариянависи барҷаста» -и Мактаби филмҳои Лондон, ки дар онҷо таҳсил мекунад, гардид. Сенарияи пурраметражаи ӯ «Tightrope» («Арғамчин») ғолиб омад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Донишгоҳи Мактаби филмҳои Лондон.

Чорабинӣ дар шакли онлайн баргузор гардид. Дар байни шаш номзад сенарияи филми пурраметражи  ӯ «Арғамчин» ғолиб омад.

Сенарияи филм дар бораи сарбозе нақл мекунад, ки пас аз асорат дар Афғонистон ба шаҳри тахайюлӣ бармегардад. Сарбози собиқ ватани худро намешиносад. Дар он ҷо ӯ бо маъюбе вомехӯрад, ки замоне ситораи балет буд ва ҳамсарашро меёбад, вале ӯ аз шавҳари собиқаш рӯй мегардонад. Воқеаҳои филм дар пасманзари шаҳри дар ҳоли таҳаввул, ки баъдан он пойтахти давлати нав мешавад, сурат мегиранд.

Сенарияи Собирӣ фавран таваҷҷуҳи хориҷиёнро ба худ ҷалб намуд. Аллакай бо филмсози машҳури бритониёӣ Люк Шиллер, ки бо Тилда Суинтон ва Тосин Коул ҳамкорӣ кардааст, шартномаи истеҳсолӣ имзо шудааст.

Интизор меравад, ки филми нахустини тоҷикӣ-британиягӣ дар Тоҷикистон ба навор гирифта шавад.

Дар бораи Аниса Собирӣ чӣ менависанд

Аз рӯи маводи сершумори дар ВАО интишорёфта Аниса аз зодагони машҳури  Душанбе мебошад. Ӯ тавонистааст, ки  Донишгоҳи ВКД Россияро бо дипломи сурх ва рутбаи лейтенанти калон хатм кунад. Аммо самти асосии фаъолияти ӯ — эҷодкорӣ аст. Вайро шоираи ҷавони тоҷик, нависанда, драматург ва коргардони маъруф номидан мумкин аст.

Вай дар бораи худ чунин мегӯяд: «Аз рӯи маълумот — ман ҳуқуқшинос ҳастам ва тахассусам ҳуқуқи ҷиноӣ мебошад, аммо ман ба полис ба кор нарафтаам. Сару либосам, касбам ба ман хеле маъқул аст, аммо ман ба ин назарам, ки шахси эҷодкор набояд худро масруфи соҳаҳои дигар намояд — санъат бо ин рашк мекунад, — эътироф мекунад вай. Ба ҳар ҳол ман аз тақдир миннатдорам, ки вай маро ба соҳаҳои мухталиф «ҳавола мекард»: ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, журналистика, кор дар созмонҳои байналмилалӣ, роҳбаладӣ мекардам, хабарнигори аксбардор будам. Ба наздикӣ, таҷрибаи идоракунии иттифоқи ҳунармандонро низ ҳосил кардам. Ман фахр мекунам, ки нишонзани хуб ҳастам, ба кӯҳҳо баромада метавонам ва дар ҳолати зарурӣ метавонам ҷинояткорро дастгир намоям! Эҷодкори хуб бояд таҷрибаи бойи ҳаётӣ дошта бошад».

Ҳангоми донишҷӯӣ дар лексияҳо нишаста, вай шеър менавишт. Муаллимон табиати нозук ва эҷодии ӯро медонистанд ва бо ҳар роҳ ин шоираи ҷавонро ташвиқ мекарданд ва ин беҳуда набуд, зеро ин мусаввадаҳои донишҷӯӣ ба китоби якуми ӯ дохил шуданд.

Аниса Собирӣ филми нахустини худ «Кафорат» -ро моҳи июни соли 2017 дар фестивали Россия «Кинотавр» намоиш дода буд. Дар он ҳунармандони маъруфи тоҷик Хуршед Мустафоев ва Тереза ​​Заурбекова, инчунин шоир ва журналист Антон Родин нақш бозидаанд.

Филми дигари ӯ «Гиряи танбӯр», ки дар киностудияи «Тоҷикфилм» ба навор гирифта шудааст, дар 26 фестивали байналмилалӣ, аз ҷумла моҳи октябри соли 2018 дар ҷашнвораи Пуссан дар Кореяи Ҷанубӣ ширкат варзидааст. Филм дар Арманистон, Эрон, Россия, Урдун ва ИМА соҳиби ҷоизаҳо шудааст. Асоси филми кӯтоҳметражи 25-дақиқаиро драмаи равонӣ, ки дар бораи ҳаёт ва ба воя расидани як навраси 12-сола дар Тоҷикистон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ривоят мекунад, ташкил додааст. Филм дар асоси рӯйдодҳои воқеӣ наворбардорӣ шудааст.

Ҳоло Аниса Собирӣ дар Лондон маълумоти пурра дар соҳаи синамо мегирад. «Ман ба Мактаби филмҳои Лондон дохил шудам ва барандаи стипендияи мӯътабари Chevening Англия шудам, ки ба ман имкон медиҳад хароҷоти таҳсил ва зиндагиамро дар Лондон пардохт намоям», — гуфт вай ба хабарнигорон. — Дар ин ҷо лоиҳаҳои донишҷӯёнаи моро устодони сатҳи ҷаҳонӣ гӯш мекунанд (масалан, лауреатҳои Оскар Павел Павлюковский ва ё Майкл Дудок де Уит). Инҳо устодони ҳақиқии санъати киносозӣ мебошанд».

Воқеан, дар Лондон Аниса филми «Нолаи танбӯр» -и худро ба ситораи синамои ҷаҳонӣ, яке аз бонуфузтарин одамони сайёра Анжелина Ҷолӣ, инчунин ба аъзои оилаи шоҳии Британия дар доираи ҷашнвораи байналмилалии PSVI international film festival, ки ба мубориза бо зӯроварӣ алайҳи занон бахшида шудааст, намоиш додааст.

Ба гуфтаи Аниса, як қисми таҳсили ӯ — ин кори таҳияи сенарияи филми пурраметражи бадеӣ мебошад. Инчунин ӯ бо ҳамтои худ аз Руминия Разван Барсети васли филми пурраметражи ҳуҷҷатиро дар бораи анъанаҳои маросимии мусиқии Тоҷикистон, ки дар ҳамкорӣ бо Маркази фарҳангии «Бохтар» таҳия мешавад, ба итмом мерасонад.

Ҳамзамон Аниса Собирӣ роҳбарии Маркази фарҳангии тоҷиконро дар Лондон ба уҳда дорад, ки бо ташаббуси Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Британияи Кабир Масъуд Халифазода оғоз ёфтааст. Ин созмони ғайриҳукуматӣ мебошад, ки сармоягузориҳои фарҳангиро ба Тоҷикистон ҷалб ва фарҳанги тоҷиконро берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ таблиғ мекунад.

«Мо ҷиҳатҳои қавӣ — локатсияҳои  бениҳоят зебо (ҷойҳо, минтақаҳо — эзоҳи АМИТ «Ховар»), одамони зебо дорем. Мо бояд дар бозорҳои синамоӣ ширкат варзем ва Тоҷикистонро ҳамчун кишвари дорои шароити мусоид барои наворбардорӣ пешниҳод кунем. Ва барои ин бисёр расмиёти литсензиякунониро сода кардан, нархи таҷҳизотро коҳиш додан ва ба як кишвари ҷаззоби сайёҳӣ — синамоӣ табдил шудан лозим аст. Он гоҳ кормандони мо соҳиби кор мешаванд, таҷрибаи иловагӣ ҳосил мекунанд, шиносҳо пайдо мекунанд. Ба замми ин зикри Тоҷикистон ҳамчун локатсия сайёҳонро ҷалб мекунад», — мегӯяд вай.

ДАР АКС: Аниса Собирӣ дар ҷашнвораи Бусан (Кореяи Ҷанубӣ) дар соли 2018

Падари Аниса — Собир Абидов замоне раҳбари ҳизбӣ, ходими давлатӣ буд, баъдтар ба тиҷорати хусусӣ машғул шуд, модари Аниса Лола Аминова, ки замоне иқтисодчӣ, муҳосиб буд, ба кумакаш омад. Тарбияи духтар асосан ба ӯҳдаи бибиаш буд, волидонаш ба кор банд буданд ва ба санъат ҳеҷ иртиботе надоштанд. Пас рағбат ба адабиёт ва эҷодкорӣ дар қалби Аниса чӣ тавр пайдо шуд?

«Мо ҳамеша дар хона китоб доштем — китобҳои зиёд! Муносибат ба онҳо бо эҳтиром ва муқаддас буд. Дар оилаи мо ҳеҷ кас китоби хуберо ба чизи дигар иваз намекунад. Аз хурдӣ ба ман муҳаббат ба адабиёт, ба асарҳои классиконро талқин мекарданд. Ман бо ҳамин ба воя расидам ва то ба наздикӣ танҳо бо забонҳои русӣ ва англисӣ ҳарф мезадам, ҳоло ман бо бисёр забонҳо, аз ҷумла бо забони модариам тоҷикӣ ҳарф мезанам», -мегӯяд Аниса.

Аммо дар оилаи Аниса ба ҳар ҳол одамони эҷодкор буданд. Бобои бузурги Аниса Содиқ Аминов илова бар он, ки дар рушди адабиёт ва санъати он замон саҳми бузург гузоштааст, барои сарояндаи маъруфи шашмақом Барно Исҳоқова шеърҳо навиштааст. Сурудҳои маъруфи «Шаби маҳтобам», инчунин «Куртаи атлас» дар иҷрои Сироҷиддин Фозилов низ ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Китоби афсонаҳои ӯ дар Маскав ба табъ расид, аммо азбаски ӯ роҳбари баландпояи ҳизб ва хайрхоҳ буд, ӯ истеъдоди адабии худро ба таври васеъ таблиғ намекард.

“Зарра-зарра, аз рӯи ҳикояҳои модар ва бибиам, ман дар бораи ин давра ҳама гуна маълумот ҷамъ мекунам. Ман на танҳо ба таърихи оилаи худ, балки ба давлати мо низ таваҷҷуҳ дорам. Бо гузашти вақт ман ният дорам дар ин бора китобе нависам», — зикр  мекунад Аниса.

Ҳоло Аниса мехоҳад таҳсилашро идома диҳад ва билохира ба факултаи шарқшиносӣ дар Лондон дохил шавад. Вай мехоҳад тасаввуф ва маҳфуми эзотерикии исломро биомӯзад. Вай чунин мешуморад, ки маҳз донишҳои нави дар Англия фаро гирифтааш ҷаҳонбиниашро мукаммал ва барои дарки ҷустуҷӯи худу мақсади офариниши олам мусоидат мекунанд.

                                                    АКС  аз бойгонии шахсии А. Собирӣ

Январь 21, 2021 13:07

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТЕАТР. Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон барои пешрафти санъати касбии театрӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Суғд Фестивали вилоятии гулҳо доир мешавад
КОНИ ЛАЗЗАТ ВА ХОНИ НЕЪМАТ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» оид ба таомҳои наврӯзӣ дар Бадахшон маълумот ҷамъоварӣ намуд
НАВРӮЗ-МАҲБУБТАРИН ҶАШНИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН. Суратгузориш аз таҷлили бошукуҳи ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи оммавӣ, илмӣ-техникии шуъбаи Академияи илмҳои Русия дар минтақаи Сибир Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Оши бурида дар Наврӯз ҳамчун рамзи умри дароз ва ҳаёти хушбахтона омода мешавад
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ЭҲЁ. Ин ҷашни ҷаҳонӣ бунёди маънавии миллати тоҷик мебошад
МАЗМУНҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР АШЪОРИ АҲДИ КЛАССИКИИ ФОРСУ ТОҶИК. Андешаҳои адабиётшинос дар хусус
НАВРӮЗ ДАР ЗАРАФШОН. Он бо «тухмҷангак»-и кӯдакон оғоз мегардад
ШАБОҲАТИ ОИНҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР ДАВЛАТҲОИ АВРУПО. Наврӯз ҳоло ба ҷузъи тамаддуни башарӣ табдил ёфтааст
«ҲАФТ-СИН» ВА «ҲАФТ-ШИН». Оростани хони наврӯзӣ бо ин рамзҳо нишонаи хайру баракат аст
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Бӯстон даври шаҳрии озмун баргузор гардид