Дар Балх як афсари полис ва як пири қабила кушта шуданд
ДУШАНБЕ, 05.01.2021 /АМИТ «Ховар»/ Мақомоти амниятии Балхи Афғонистон мегӯянд, ки дар пайи ду ҳодисаи ҷудогона дар шаҳри Мазори Шариф, маркази ин вилоят, як афсари полис ва як пешвои қавмӣ кушта шудаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи телевизионии «1tvnews.af».
Одилшоҳ Одил, сухангӯи полиси Балх, рӯзи душанбе, 04.01.2021 ба «1tvnews.af» гуфт, ки Муҳаммад Ҳошим, як маъмури пулиси Бадахшон, ки дар Мазори Шариф дар рухсатӣ буд, шаби гузашта дар ҳамлаи афроди мусаллаҳи номаълум кушта шудааст.
Вай афзуд, ки ҳодиса дар минтақаи «Лоиҳаи Холид бин Валид»-и Мазори Шариф рух додааст.
Ҷаноби Одил инчунин илова намуд, ки дар як ҳодисаи дигар як пири қабила аз ҷониби афроди ношинос дар шаҳри Мазори Шариф кушта шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, ин ҳодиса шаби гузашта ҳангоми адои намози хуфтан дар масҷиди ҳавзаи чоруми амниятии Мазори Шариф рух додааст.
Сухангӯи полиси Балх қайд кард, ки ҷинояткорон аз ҷойи ҳодиса фирор карданд, аммо тафтишот барои таҳқиқи ин парвандаҳо шурӯъ шудааст.








Индонезия бақайдгирии кӯдакони то 16-соларо дар шабакаҳои иҷтимоӣ манъ мекунад
Истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Туркия уҳдадор мешаванд синни худро тасдиқ намоянд
Австрия нақша дорад, ки дастрасии кӯдакони то 14-соларо ба шабакаҳои иҷтимоӣ манъ намояд
Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд






