Дар Хуҷанд сохтмони бинои нави Маркази стандартизатсия ҷараён дорад
ДУШАНБЕ, 10.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Сохтмони бинои нави Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва назорати савдои вилояти Суғд дар маҳаллаи Темурмалик, микроноҳияҳои 4-6-и шаҳри Хуҷанд бомаром идома дорад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода чанде қабл бо ҷараёни сохтмони бинои нави мазкур шинос шуда, ҷиҳати бо сифат анҷом додани корҳо ва ободонии ҳудуди он дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Лоиҳаи ин бино аз ҷониби ҶДММ «Суғдшаҳрофар» тартиб дода шуда, сохтмони онро ҶДММ «Авитсенна» ба уҳда гирифтааст. Бинои асосӣ аз таҳхона ва 5 ошёна иборат аст. Ҳамзамон бунёди 10 ҳуҷраи ёрирасон дар атрофи бино дар назар буда, маблағи умумии лоиҳаи сохтмон 8 500 000 сомониро дар бар мегирад.
Дар таҳхона 7 утоқи корӣ ҷойгир гардида, барои шуъбаи таъминоти метрологӣ пешбинӣ шудаанд. Дар ошёнаи якум маҷлисгоҳ барои 150 нафар ва ошхона бо 50 ҷой пешбинӣ гардидааст. Дар ошёнаҳои 2-5 утоқҳои корӣ бунёд мешаванд.








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд






