Дар Хуҷанд зимни амалиёти «Тозагии соҳил» ба андозаи 2 километр канори Сирдарё тоза карда шуд
ДУШАНБЕ, 14.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хуҷанд бо иқдоми мақомоти ҳифзи муҳити зист амалиёти «Тозагии соҳил» гузаронида шуд, ки дар он доираи васеи омӯзгорону хонандагони Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии политехникии шаҳри Хуҷанд» фаъолона иштирок карда, дар натиҷа 2 километр соҳили Сирдарё, аз ҷумла минтақаи обутобҷои соҳили чапи дарёи Сирро аз партовҳо тоза намуданд. Иқдоми мазкур ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади пешгирии ифлосшавии соҳилҳои дарёи Сир дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд роҳандозӣ гардид.
Дар амалиёти «Тозагии соҳил» 250 нафар иштирок намуда, аз ҷониби Муассисаи махсуси нақлиётии партовкашонии шаҳри Хуҷанд дар маҷмӯъ 6 метри мукааб ахлоту хокрӯба ба партовгоҳ бароварда шуд.
Дар минтақаи обутобҷои соҳили чапи Сирдарё, новобаста аз фаслҳои сол сокинон пайваста ба машқҳои варзишии пагоҳирӯзӣ машғул мешаванд. Аз ин рӯ мунтазам тоза нигоҳ доштани ин минтақа, ки ба саломатии инсон вобастагӣ дорад, мувофиқи мақсад мебошад, зеро тозагӣ гарави саломатист.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






