Дар Индонезия бар асари силсилаи заминҷунбиҳо 26 нафар ҳалок шуда, 600 тан осеб дидаанд

Январь 15, 2021 13:14

ДУШАНБЕ, 15.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тайи як шабонарӯзи охир ҳадди ақалл 26 нафар қурбонии силсилаи заминҷунбиҳо дар Индонезия шуданд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, имрӯз дар ин бора оҷонсии France-Presse (AFP) бо истинод ба хадамоти фавқулода хабар додааст.

  Қаблан Reuters хабар дода буд, ки дар тӯли шабонарӯзи гузашта ҳадди ақалл ҳафт нафар қурбони силсилаи заминларзаҳо дар Индонезия гардиданд ва қариб 600 нафар захмӣ шуданд. Тавре Агентӣ пештар бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Индонезия хабар дода буд, ба дунболи заминҷунбиҳои 5,7 ва 6,2-дараҷагӣ дар ҷазираи Сулавеси метавонанд пасларзаҳои шадид рух диҳанд.

Мутобиқи маълумоти он, дар сурате, ки таконҳои нави зеризаминӣ  нисбат ба онҳое, ки сабт шудаанд, шадидтар бошанд, таҳдиди сунамӣ вуҷуд дорад. Ҳавошиносони Индонезия гуфтаанд, ки онҳо аллакай беш аз 25 пасларзаро сабт кардаанд. Тавре портали Detik иттилоъ медиҳад, бо фармони президенти Индонезия Ҷоко Видодо, вазири корҳои иҷтимоӣ Три Рисмахарини ба музофоти офатзадаи Сулавеси Ғарбӣ рафтааст.

Қаблан Детик бо истинод ба маълумоти Агентии миллии мубориза бо офатҳои табиӣ иттилоъ дода буд, ки дар натиҷаи заминҷунбӣ ҳадди ақалл се нафар ҳалок ва 24 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Тақрибан 2 ҳазор нафар дар Сулавеси Ғарбӣ маҷбур шуданд хонаҳои худро тарк кунанд. Офати табиӣ беш аз 60 бино, аз ҷумла дафтари волии маҳаллӣ ва бинои меҳмонхонаро хароб кардааст. Заминҷунбӣ инчунин боиси фаромадани якчанд ярч шудааст.

Агентии Франс Пресс бо истинод ба намояндаи хадамоти наҷотдиҳии  маҳаллӣ хабар дод, ки беш аз 10 нафар дар зери харобаҳои бинои фурӯрафтаи бемористон дар маркази маъмурии вилоят — шаҳри Мамуҷу қарор доранд.

Акси: © EPA-EFE/BASARNAS

Январь 15, 2021 13:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд
Гармои шадид дар Аврупо сабаби сӯхтори ҷангалҳо гардид
Беш аз 2 миллиард одамон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд
Даҳҳо ҳазор нафар дар ҷануби Чин бар асари тӯфон кӯчонида шуданд
Дар Ҳиндустон ҳавопаймо суқут кард
Дар Фаронса барои кӯдакони то 15-сола истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ манъ карда мешавад
Дар Қазоқистон пешниҳод намуданд, ки пӯшидани фаранҷӣ ва ниқоб манъ карда шавад
«МО ЯК УҚЁНУСЕМ». Фаронса мизбони сеюмин Конфронси СММ оид ба Уқёнус хоҳад буд
Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест