Дар Ҳисор ҷашни суннатии тоҷикон — Садаро пуршукӯҳ таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 27.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Сада, ки яке аз бузургтарин ҷашнҳои суннатии тоҷикон мебошад, дар Ҳисор бо намоиши дастовардҳои кишоварзони шаҳр бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид.
Дар ҷамъомади идонае, ки дар маркази шаҳр доир гардид, Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода аз таърихи Сада ва таҷлили он дар дигар кишварҳои ҷаҳон ёдовар шуд. Чун иди Сада ҷашни барзгарон, аз ҷумла иди касбии соҳаи кишоварзӣ мебошад, Раиси шаҳр зикр намуд, ки «асоси хоҷагии халқи шаҳрро соҳаи аграрӣ ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ташкил медиҳад ва он рӯ ба афзоиш дорад. Бо назардошти талаботи бозор ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар ҳокимияти шаҳр тасмим гирифтааст, ки ҳаҷми маҳсулотро соли 2021 зиёд намуда, кишти картошкаро 40 фоиз ва ғалладонагиҳоро 60 фоиз зиёд гардонад».
Мавсуф иди Садаро ҷамъбасти фаъолияти яксолаи кишоварзон ва омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ унвон карда, нақши онро дар болоравии сатҳи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат муҳим арзёбӣ намуд.
Зикр шуд, ки кишоварзони шаҳр барои омодагии ҳамаҷониба, аз ҷумла тайёр намудани техникаи кишоварзӣ ба давраи кишти баҳорӣ, таҳти назорати қатъӣ қарор гирифтани ҷараёни кишти зироат дар заминҳои обӣ ва зиёд кардани майдони кишти пунбадона дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, хоҷагиҳои ҷамъиятию инфиродӣ тадбир андешида, баҳри баланд бардоштани ҳосилнокии зироат, афзоиш додани ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ ва дар ин замина таъмини амнияти озуқаворӣ бояд рушди соҳаи тухмипарвариро тавассути роҳандозӣ намудани чорабиниҳои назариявию амалӣ таъмин созанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






