Дар минтақаи кӯҳии «Селбурсой»-и Шаҳринав барои ҷонварон дон ва хошок пошида шуд
ДУШАНБЕ, 11.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар минтақаи кӯҳии «Селбурсой»-и ноҳияи Шаҳринав, ки мавзеи сукунати ҷонварон мебошад, 1 тонна дон ва хошок, аз ҷумла 100 кг гандум, 100 кг резаи гандум, 100 кг ҷав, 100 кг майдаи биринҷ ва хошок ба миқдори 500 кг пошида шуд.
Тавре аз шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Шаҳринав ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, бо мақсади ҳифзи олами парандагон ва ҳайвоноти кӯҳӣ дар мавсими зимистон дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияи Шаҳринав аз ҷониби кормандони ин шуъба корҳои биотехникӣ гузаронида шуданд.
Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Шаҳринав тасмим гирифтааст, ки дар оянда барои аз сардиҳо беталаф баровардани парандагон ва ҳайвоноти кӯҳӣ корҳои биотехникиро дар дигар минтақаҳои кӯҳӣ идома диҳад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






