Дар натиҷаи таркиши мина дар назди бинои полиси Ҳирот шаш сарбози полис маҷрӯҳ шуданд

Январь 21, 2021 08:39

ДУШАНБЕ, 21.01.2021 /АМИТ «Ховар»/ Мақомоти маҳаллӣ дар вилояти Ҳирот изҳор доштанд, ки шаби гузашта дар натиҷаи таркиши мина дар назди бинои полиси ин вилоят шаш сарбози полис маҷрӯҳ шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи шабакаи телевизионии tolonews.com.

Абдул Аҳад Вализода, сухангӯи фармондеҳии полиси Ҳирот гуфт, ки ҳодиса тахминан соати 10:30-и шаби гузашта, 20.01.2021 дар наздикии пули Молон дар ноҳияи Инҷили ин вилоят рух додааст ва дар натиҷаи таркиш идораи полис комилан валангор шудааст.

Муҳаммад Рафиқ Шерзай, сухангӯи Раёсати тандурустии ҷамъиятии Ҳирот, гуфт, ки шаш сарбози маҷрӯҳшуда ба беморхона интиқол ёфтанд ва вазъи саломатии ҳамаашон хуб аст.

Дар ҳамин ҳол, сокинони маҳаллӣ мегӯянд, ки пас аз таркиш садои тирандозии шадидро шуниданд.

Пули Молон яке аз пулҳои таърихии Ҳирот аст, ки дар байни ноҳияҳои Инҷил ва Гузара дар болои дарёи Ҳарирӯд воқеъ шудааст.

Инчунин TOLOnews иттилоъ додааст, ки  дар шаҳри Тиринкути вилояти Урузгон дар натиҷаи таркиши мототсикл 11 нафар, аз ҷумла як рӯзноманигор маҷрӯҳ шуданд.

Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, ки таркиш дар чорроҳаи Ғозӣ Амануллоҳ пас аз нисфирӯзии сешанбе (19.01.2021) рух додааст.

Дар ҳамин ҳол, масъулони радиои “Салом Рӯзгон” мегӯянд, ки хабарнигори радио Шоҳ Муҳаммад Ҳамдард дар ин инфиҷор захмӣ шудааст.

Тибқи иттилои манбаъҳо, дар байни захмишудагон як зан ва ду кӯдак низ ҳастанд.

То ҳол масъулияти ин инфиҷорҳоро ҳеҷ гурӯҳе ба дӯш нагирифтааст.

Январь 21, 2021 08:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд