Дар Норак ғолибони даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Дастархонороӣ» муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 31.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Норак даври аввали озмуни ҷумҳуриявии «Дастархонороӣ» ҷамъбаст гардида, ҷойи якум ба дастаи бонувони ҳунарманди Неругоҳи барқи обии «Бойғозӣ», мақоми дуюм ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5 ва ҷойи сеюм ба ҶСК «ЗТМ» дода шуд. Ғолибон бо сипоснома ва маблағҳои пулӣ, иштирокчиёни фаъол бо сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак қадрдонӣ шуданд.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, 29 январ дар саҳни Қасри фарҳанги шаҳри Норак даври аввали озмуни ҷумҳуриявии «Дастархонороӣ» бо иштироки 23 комиссияҳои ҷамъиятии корхонаю муассисаҳо, ҷамоатҳои деҳот ва минтақаҳои манзилии шаҳр баргузор шуд.
Раиси шаҳр Дилшод Асозода миннатдории худро ба иштирокчиёни озмун иброз намуда, зикр намуд, ки ҳадафи баргузории озмун эҳё намудани анъанаҳои миллӣ, навъҳои гуногуни хӯрокҳо, муаррифӣ намудани нону шириниҳо, тарбияи ҳисси зебопарастӣ, хештаншиносӣ, ҳамзамон тарғибу ташвиқ намудани фарҳангу арзишҳои дастархонороии миллӣ мебошад.
«Баргузории чунин озмунҳо ҷиҳати омӯзиши ҳунари кадбонугӣ ба бонувон, алалхусус духтарон, ки барои ба ҳаёти мустақилона омода шудани онҳо ниҳоят зарур аст, мусоидат менамояд»,- афзуд Д.Асозода.












Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад






