Дар Норак ғолибони даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Дастархонороӣ» муайян шуданд

Январь 31, 2021 10:31

ДУШАНБЕ, 31.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Норак  даври аввали озмуни ҷумҳуриявии «Дастархонороӣ»  ҷамъбаст гардида, ҷойи якум ба дастаи бонувони  ҳунарманди Неругоҳи барқи обии «Бойғозӣ»,  мақоми дуюм ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5 ва ҷойи сеюм ба ҶСК «ЗТМ» дода шуд. Ғолибон бо сипоснома ва маблағҳои пулӣ, иштирокчиёни фаъол бо сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак  қадрдонӣ  шуданд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, 29 январ дар саҳни  Қасри фарҳанги шаҳри Норак даври аввали озмуни ҷумҳуриявии «Дастархонороӣ» бо иштироки 23 комиссияҳои ҷамъиятии корхонаю муассисаҳо, ҷамоатҳои деҳот ва минтақаҳои манзилии шаҳр баргузор  шуд.

Раиси шаҳр Дилшод Асозода миннатдории худро ба иштирокчиёни озмун иброз намуда, зикр намуд, ки ҳадафи баргузории озмун эҳё намудани анъанаҳои миллӣ, навъҳои гуногуни хӯрокҳо, муаррифӣ намудани нону шириниҳо, тарбияи ҳисси зебопарастӣ, хештаншиносӣ, ҳамзамон тарғибу ташвиқ намудани фарҳангу арзишҳои дастархонороии миллӣ мебошад.

«Баргузории чунин озмунҳо ҷиҳати  омӯзиши ҳунари кадбонугӣ ба бонувон, алалхусус духтарон, ки барои ба ҳаёти мустақилона омода шудани онҳо ниҳоят зарур аст, мусоидат менамояд»,- афзуд Д.Асозода.

Январь 31, 2021 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе дуюмин Синамоҷашнвораи байналмилалӣ «Тоҷи сомон» баргузор мегардад
Дар театри Муҳаммадҷон Қосимов намоишномаи «Ман Таҳминаам…» аз рӯи достони «Шоҳнома» пешниҳод мегардад
Бо ташаббуси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар ноҳияи Ховалинг Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта шуд
Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло: «Ҳақиқат ин аст, ки Пешвои миллат ваҳдатро бунёд гузошту таҳким доду қавӣ сохт»
Дар Осорхонаи миллӣ гӯшаи доимоамалкунандаи «Ваҳдати миллӣ» ташкил гардидааст
Тамоми комёбиҳои миллат ва саодати рӯзгори мардум аз иттиҳоди миллӣ ибтидо мегирад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТ». Дар Вазорати фарҳанг ҳамоиши илмӣ доир гардид
Таҳти унвони «Қисса ва ҳикояҳо» китоби Абдурофеъ Рабизода нашр гардид
«ДАР МЕҲМОНИИ ДУШАНБЕ». Фестивали байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасони ИДМ оғоз гардид
Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ таҳти унвони «Ваҳдати миллат — бақои миллат!» ҳамоиш баргузор шуд
Дар ёдгории Ҳалқаҷари ноҳияи Хуросон бозёфти нодири таърихӣ — «обкӯзаи хонуми Сагкин» кашф гардид
«Душанбе — нусхае аз биҳишт». Таҳти ин унвон дар васфи пойтахти Тоҷикистон китоб ба нашр расид