Дар шикоргоҳи Конибодом барои ҳифзи парандагон қариб 1,5 тонна дон пошида шуд
ДУШАНБЕ, 19.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Конибодом дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти шикорчиён ва моҳигирони вилояти Суғд дар шикоргоҳи шаҳри Конибодом барои парандагон 600 кг ғалладона, 300 кг резаи гандум, 200 кг маккадона, 250 кг ҷав ва 100 кг сабус, дар маҷмӯъ 1450 кг дону ғизо пошида шуд.
Тавре аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, корҳои биотехникӣ дар ин мавзеъ бо мақсади нигоҳдорию бехатарии гуногунии биологӣ ва аз фасли зимистон беталаф баровардани олами ҳайвоноти кӯҳӣ, хусусан парандаҳо гузаронида шуданд.
Тибқи хабари сарчашма, ҳамасола ба ин минтақа якчанд намуди парандаҳои муҳоҷир, аз қабили ғозу мурғобӣ барои зимистонгузаронӣ меоянд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






