Дар Суғд озмуни вилоятии «Кумитаи иҷроия, ташкилоти ибтидоӣ ва шуъбаи беҳтарин»-и ҲХДТ эълон гардидааст
ДУШАНБЕ, 20.01.2021. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи иҷроияи бахши суғдии ҲХДТ ба хотири сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Суғд озмуни вилоятии «Кумитаи иҷроия, ташкилоти ибтидоӣ ва шуъбаи беҳтарин» эълон намудааст. Озмуни мазкур баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои Оиннома ва барномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, баланд бардоштани нуфузи ҳизб дар ҷомеа, тақвият бахшидан ва самаранок пеш бурдани фаъолияти ҳизбӣ равона гардидааст.
Тавре ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз дастгоҳи кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд иттилоъ доданд, озмуни вилоятӣ бо мақсади вусъат додани фаъолияти кумиҷроияҳои шаҳриву ноҳиявӣ, шуъбаҳо ва ташкилоти ибтидоии ҳизб, ҷалби манбаъҳои даромади иловагӣ баҳри таъмини ҳадафҳои барномавию оинномавии ҳизб, гиромидошти арзишҳои ваҳдати миллӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ ва тарғиби ҳадафҳои созандаи ҳизб дар асоси Низомномаи аз тарафи кумитаи иҷроя тасдиқшуда ба роҳ монда шуда, дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ ҷамъбаст ва ғолибон бо диплом, мукофотҳои пулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.
Дар озмун кумитаи иҷроия, ташкилоти ибтидоӣ ва шуъбаҳои кумиҷроияҳои ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иштирок мекунанд. Он дар асоси нишондиҳандаҳои дар низомномаи озмун пешбинӣ гардида бо назардошти таҳлили натиҷаҳои фаъолият (дастовардҳо) дар давоми 2 соли охир cypaт гирифта, ҳайати ҳакамони озмун бо бардошт аз натиҷагирӣ аз байни иштирокчиёни озмун 3 кумиҷроияи беҳтарин, ташкилоти ибтидоии беҳтарин ва шуъбаи беҳтаринро интихоб менамояд.








Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Дар Душанбе иди бостонӣ ва миллии мо-Меҳргон бо шаҳомати хосса доир мегардад
Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд
Оид ба стратегияи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея машғулияти академӣ доир шуд






